Internews дар идораи рузномаи “Пайк” дар шаҳри Кулоб резиденсия гузаронд

(фото – Рахим Ахмади, Бохтар, Ахмад Мухаммадхони, Куляб, Ислом Худойдоди, Хамадони)

Ду рузноманигори ҷавони мулкӣ(шаҳрвандӣ) яке аз Бохтар ва дигаре аз ноҳияи Ҳамадонӣ дар саҳифаҳои рузномаи “Пайк” аз рузгори  мардуми ноҳияҳои Хатлон мақолаҳо хоҳанд навишт.  Норасоии оби ошомиданӣ дар деҳот, набудани ҳавзҳои махсуси оббозӣ дар минтақа, ки дамои ҳаво тобистон аз +50 ҳам болотар меравад ва ҳамчунин мушкилоти марбут ба тандурустӣ ва таҳсил дар ҷойҳои дурдаст, –  намунае аз нақшаи пешакии кори рузноманигорони ҷавон аст.

Рузномаи “Пайк” дар шаҳри Кулоб ягона рузномаи мустақил,на танҳо барои ин шаҳр, балки барои 10 ноҳияи ҳамҷавор ҳам, ба ҳисоб меравад. Дар идораи нашрия, ки теъдоди нашраш 3 ҳазор аст ва сомонаи хеле ҳам заъиф дорад, аз субҳ то шом сокинони маҳаллие равуо доранд,  ки мехоҳанд аз мушкилоташон ҳикоя кунанд.

 -Дар мо тамоми расонаҳо дар Душанбе ҷамъ омадаанд ва ғолибан аз мушкилоти марказ менависанд,  вале бо минтақаҳо чи бояд кард?,- мегуяд  муҳаррири рузномаи “Пайк”- Аҳмади Иброҳим. Масалан, дар қаламрави Кулоби мо даҳ ноҳия ҳаст, ҳар кадоме  сад ҳазор сокин дорад, вале бо мо тамосе нест. Масалан, ман ҳозир аз ноҳияи Данғара   як моҳ боз мактуб  магирифтан наметавонам, зеро одамон  аз интернет истифода бурдан наметавонанд ва интизор мешаванд,ки нафаре сафари Кулоб кунад ва бо худ он мактубро бубарад. Табиист ки барои мо дар маҳалҳо рузноманигороне заруранд, ки оид ба воқеаву ҳодсаҳои ноҳияҳояшон хабар диҳанд.

Дар моҳи феврали соли 2019 рузномаи “Пайк” барои иштирок дар озмуни лоиҳаи Интернюс бо номи “Рузноманигорони шаҳрвандӣ” дархост пешниҳод намуда, дар байни шаш ғолиби озмун қарор гирифт. Акнун дар давоми панҷ моҳи минбаъда  дар саҳифаҳои рузномаи “Пайк” рузноманигорони  шаҳрвандӣ  дар бораи руйдодҳои ноҳияҳояшон  нақл хоҳанд кард. Ду нафарашон аз  вилояти Хатлон- Исломи Худодод аз ноҳияи Ҳамадонӣ, Раҳим Аҳмадӣ аз Бохтар ва ҳамчунин Нуралӣ Карим аз Душанбе.

Ислом ва Раҳим  ба наздикӣ баъди хатми  донишгоҳҳои  маҳаллӣ соҳиби диплом бо тахассуси “журналист” шудаанд. Онҳо алакай бо рузномаи мазкур ҳамкорӣ доштанд.

Ман худам, тахминан, онҳоро аз куча  пайдо мекунам, – мегуяд Аҳмади Иброҳим. – Масалан,  Исломро дар ҳавлии донишгоҳи шаҳри Кулоб ёфтам, он вақт донишҷу буд,ба редксия даъваташ намудам ва  ӯ эътироф  кард, ки  мутлақо навиштан наметавонад. Дуру дуроз шубҳа  мекард “Шояд,навиштанро ҳеҷ вақт аз худ накунам” гуфта,аммо хушбахтона  ёд гирифт.

Ҷавонон  қаблан аз ҳодисае то ҳодисае,яъне гоҳ гоҳе  менавиштанд, аммо  дар панҷ моҳи  минбаъда ба таври доимӣ кор кардан  лозим меояд. Ислом мегуяд, ки ба нудрат рузноманигорони марказ ба  руйдодҳои маҳаллӣ мароқ зоҳир менамоянд ва матбуоти мавҷудаи маҳаллӣ ҳам кушиш мекунад, ки аз масоили доғи руз нанависад, ҳарчанд онҳо бисёранд

Ҷавононжурналистон барои  мақолаҳои ояндаашон мавзуъҳои доғро мебардоранд. Масалан, Раҳим  ҳикоя мекунад, ки дар мавсими тобистон одамони зиёде дар ҳавзҳо ғарқ мешаванд.

-Онҳо дар ҷойҳое  оббозӣ мекунанд, ки шиноварӣ мамнуъ аст, зеро ҳарорати ҳаво то  +50, боло меравад, – шарҳ медиҳад мавзуъро Раҳим, ки сари он кор карданӣ аст.

Бо журналистони ҷавон аз вилояти Хатлон кормандони Интернюс  ҳини гузаронидани резиденсия дар рузномаи “Пайк” мулоқот карданд, бо Нуралӣ Карим бошад  ҳафтаи оянда  дар дафтари Интернюс мулоқот хоҳанд кард.  Илова бар муҳокимаи мавзуъҳо ва  жанрҳое, ки минбаъд онҳо кор хоҳанд кард, ҳини ин чорабинӣ саҳифаи нашрияи “Пайк”- ва ҳачунин гуруҳеро бахшида ба навигариҳои Хатлон  дар  Фейсбук кушоданд. Рузномаи “Пайк” сомонаи худро дорад ва ҳамоҳангсози лоиҳа Муҳаммади Аҳмад онро тавассути шабакаҳои  иҷтимоӣ пеш мебарад.Барои иҷрои он   номбурда ҳангоми резиденсия маҳорату донишҳои зуруриро аз худ намуд.

Ба ҷуз аз рузномаи “Пайк дар лоиҳаи “Рузноманигорони шаҳрвандӣ” боз панҷ нашрияи дигар: гуруҳи расонаҳои «Азия-Плюс», нашрияи  пойтахтии «Вечёрка», радиостансияи “ Пайванд”  ва ширкати телевизонии “ Диёр”аз  вилояти Суғд  ва оҷонсии иттилотии «Sugd News»  шомиланд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

One thought on “Internews дар идораи рузномаи “Пайк” дар шаҳри Кулоб резиденсия гузаронд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *