Internews CARAVAN-ро ба роҳ мемонад: муаррифии лоиҳаи нав барои Осиёи Марказӣ

Internews аз роҳандозии лоиҳаи нави минтақавии “Боло бурдани устувории аудитория тавассути саргузаштҳои боэътимод (CARAVAN)” дар Осиёи Марказӣ хабар медиҳад, ки аз сӯи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад. Муаррифии расман ба кор шуруъ кардани лоиҳа соати 10:00 рӯзи 14 июн (ҳузурӣ дар шаҳри Остона, онлайнӣ дар Zoom) баргузор мешавад.

Ин чӣ тарҳест?

Лоиҳаи CARAVAN  бо расонаҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ, созмонҳои иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти давлатӣ барои ташкили муҳити иттилооти ва устувории он нисбати дасткории иттилоот, маълумоти бардурӯғ ва забони душманона ҳамкорӣ хоҳад кард.

Лоиҳа барои ташкили муносибатҳои давомдор ва боэътимод миёни шариконе равона шудааст, ки ба рушд додани саводи расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ дар минтақа машғул ҳастанд, ки ин кори онҳо ба сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак мерасонад ки дастурҳои иттилоотиро беҳтар дарк кунанд, афкори худро шакл диҳанд ва тасмимҳои калидӣ бигиранд.

Тими Internews ҳамаи шарикони эҳтимолӣ – намояндагони ВАО, ҷомеаи шаҳрвандӣ созмонҳои расонаиро даъват мекунад, ки ба ин рӯйдоди муҳим бипайванданд!

Чӣ гуна метавон, дар муаррифии лоиҳа иштирок кард:

Барои пайваст шудан дар чорабинӣ то соати 18:00 рӯзи 10 июни соли 2024 бояд худро сабти ном кунед. Баъди сабти ном шумо тавассути почтаатон суроғаи пайваст шудан ба ZOOM-ро дарёфт хоҳед кард.

Барномаи чорабинӣ:

  • 10:00 – 10:15 Кушодашавӣ. Оғоз: ҷаноби Кестутис Янкаускас, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Қазоқистон; Марат Бигалиев, роҳбари намояндагии Internews дар Осиёи Марказӣ
  • 10:15 – 10:30 Муаррифии тарҳи CARAVAN: Вадим Садоншоев, мудири тарҳи CARAVAN
  • 10:30 – 10:50 Имкониятҳо дар доираи CARAVAN: Гулмира Римбоева, мутахассиси пешбари мониторинг, баҳогузорӣ ва ҳисоботдиҳии тарҳи CARAVAN
  • 10:50 – 11:20 Бахши суолу ҷавоб

Забони чорабинӣ: русӣ, англисӣ (тарҷумаи ҳамзамонӣ).

Барои ҳамкасбон аз кишварҳои дигар: шумо метавонед, аз соати 10:00 то 11:30 бо вақти Остона мустақиман ба ZOOM пайваст шавед. 

Муаррифӣ дар доираи тарҳи «Боло бурдани устувории аудитория тавассути саргузаштҳои боэътимод (CARAVAN)» / Cultivating Audience Resilience through Amplification of Vibrant and Authentic Narratives (CARAVAN), сурат мегирад, ки аз сӯи Internews бо кумаки молии Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *