Агар шумо дар инъикоси фаъолияти судҳо ва мурофиаҳои судӣ маҳорат доред, пас мо шуморо барои иштирок дар озмуни кушода барои сафари омузишӣ ба Латвия дар моҳи июни соли 2019 даъват менамоем.
Дар ин сафар иштирокчиён имкон пайдо мекунанд, то бо қонунугузории Латвия оид ба фаъолияти расонаҳо ва таҷрибаи ҳамкории судҳо бо расонаҳо шинос шаванд, бо иттиҳодияҳои касбии рузноманигорон ва судяҳо табодули таҷриба кунанд, аз таҷрибаи онҳо дар самти таҳия ва татбиқи меъёрҳои ахлоқӣ дар фаъолияти журналистон ва баррасии ғайрисудии баҳсу низоъҳои иттилоотӣ баҳра гиранд.
Барои иштирок дар озмун, лутфан, қолаби дархостро пур карда дар формати Word ба суроғаи электронии TJ-Info@Internews.org фиристед. Тавсияномаи роҳбаратон ва дигар ҳуҷҷатҳои иловагиро низ ба ҳамин суроға равон кунед. Қолаби дархостро метавонед аз ин ҷо дастрас намоед,
Дархостҳо то 15 арпели с. 2019 қабул карда мешаванд.
Комиссия дархостҳоро баррасӣ намуда, қарори худро то 20 апрел эълон менамояд
Агар шумо оиди эълони мазкур саволе доред, лутфан ба суроғаи электронии TJInfo@Internews.org ирсол намоед.
Лоиҳа дар доираи Барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ (CAMP) бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амадӣ мегардад. Маълумоти муфассалро оиди ба ин барнома аз ин ҷо ва оид ба Интернюс дар Тоҷикистон аз ин ҷо пайдо кунед.
One thought on “Internews барои журналистоне, ки масоили судиро инъикос мекунанд озмун эълон менамояд”