Internews барои роҳбари лоиҳа дар Осиёи Марказӣ муовин меҷӯяд

Интернюс барои роҳбари лоиҳаи рушди ВАО дар Осиёи Марказӣ муовин лозим дорад. Ин лоиҳа ба таҳкими якпорчагии фазои иттилоотии минтақа ва баланд бардоштани ҳушёрии ҷомеа алайҳи маълумоти бардурӯғ мусоидат хоҳад кард. Лоиҳа гуногунрангии фазои иттилоотӣ ва талошҳо барои пешбурди саводи расонаӣ дар ҷомеаро дастгирӣ хоҳад кард. Он инчунин аз расонаҳои маҳаллӣ дар таҳияи матолиби мутавозин ва беғараз бар асоси далелҳо дар бораи рӯйдодҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, ки ба мухотабони маҳаллӣ дахл доранд, дастгирӣ хоҳад кард.

Муовини менеҷери лоиҳа роҳбари лоиҳаро дар тамоми ҷанбаҳои идоракунии барнома дар сатҳҳои стратегӣ ва амалиётӣ дастгирӣ мекунад. Вай саривақтии фаъолиятҳо, назорати сифат ва посухгӯии умумии кумаки техникӣ, инчунин ҳамоҳангии байни гурӯҳҳо ва фаъолиятҳои лоиҳаҳои кишвар ва минтақаро таъмин хоҳад кард. Муовин таҳияи хисоботи лоихавиро назорат карда, кори тимро ҳамоҳанг мекунад. Он ҳамчунин ба Менеҷери лоиҳа дар нигоҳ доштани иртибот бо донор доир ба масъалаҳои техникӣ ва идоракунии барномаҳо ва амалиётҳо дастгирӣ хоҳад кард.

Муовин дар Алмаато (Қазоқистон) ё Душанбе (Тоҷикистон) қарор хоҳад дошт. Ин мавқеъ кумак барои кӯчиданро дар бар намегирад. Истихдом ба кор аз маблағгузорӣ ва тасдиқи донорҳо вобаста аст.

Талабот:

• Ҳадди ақал ҳафт сол собиқаи кории дахлдор, бо шумули на камтар аз се сол таҷрибаи кори ба ин монанд.

• Дараҷаи донишгоҳии дахлдор ё таҷрибаи касбии ба он баробар.

• Фаҳмиши амиқи экосистемаи иттилоотии маҳаллӣ ва минтақавӣ ва/ё бахши ВАО.

• Дониши озоди забони англисӣ ҳатмист. Донистани забонҳои қазоқӣ, тоҷикӣ, узбекӣ ё русӣ бартарӣ дорад.

Маълумоти муфассал ва шакли дархостро инҷо бинед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *