Internews дар Тоҷикистон гузаронидани силсилаи мулоқотҳо бо рузноманигорон- «Маҳфили расонаҳоро” дар минтақаҳо идома медиҳад: ҳангоми барпо намудани чунин мулоқотҳо менторҳо бо рузноманигорон табодули иттилооти муҳим оид ба равандҳои муосир дар журналистика, имкониятҳои нави дарёфти маблағ ва ғайраҳо менамоянд.
Маҳали мулоқоти навбатии силсилаи “Маҳфили расонаҳо”, ки Интернюс то охири моҳи июн хоҳад гузаронд, шаҳри Кулоби вилояти Хатлон аст. Чорабинии мазкур имруз дар бинои меҳмонхонаи “Роҳи абрешим”-и шаҳри Кулоб баргузор мегардад: соати 10-субҳ оғоз шуда, то бегоҳ идома меёбад
Барои иштирок дар ин вохурӣ менеҷерҳои соҳаи расонаҳо, журналистони ВАО-чопӣ ва онлайнӣ, кормандони радио ва телевизион ва ҳамчунин блогнависон аз вилояти Хатлон даъват карда мешаванд
Коршиносони Internews дар ин мулоқот ба иштирокдорон дар мариди равандҳои нави журналистикаи муосир нақл мекунанд, ки редаксияҳои минтақавӣ метавонанд дар кори худ аз онҳо истифода баранд. Масалан , дар бораи он ки чи тавр редаксияҳо дар минтақа метавонанд пул ба даст оваранд, чи тавр видеороликҳоро бо дурбини смартфонҳо ба навор гиранд, чи тавр мавзуъҳои ҷолиб пайдо кунанд ва онро дар нашрияҳои маркази чоп кунанд ва чизҳои бисёри дигаре
“Маҳфили расонаҳо”-и навбатӣ 20 моҳи июн дар шаҳри Хоруғ барпо мегардад, ки дар бораи вақт ва ҷои баргузории он иловатан хабар медиҳем
-Мо ба гузаронидани “Маҳфили расонаҳо” ҳануз соли 2017 шуруъ намуда будем, ки он замон дар Душанбе баргузор шуда буд, соли 2018 чунин маърака дар шаҳри Хуҷанд гузашт,- мегуяд ментори “Маҳфили расонаҳо” Рустам Гулов- мутахассиси расонаҳои нав. Таваҷҷуҳ ба чунин мулоқотҳо дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд миёни рузноманигорон хеле зиёд буд ва умедворем, ки чунин маъракаҳои мо дар Кулобу Хоруғ ҳам дар ҳамон сатҳ мегузаранд.
«Маҳфили расонаҳо» дар чаҳорчуби лоиҳаи “Дастрасӣ ба иттилоот” мегузаранд, ки онро Internews бо кумаки молии Агентии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) амалӣ менамояд.