Internews дар Тоҷикистон барои истеҳсоли матлабҳои аудиовизуалӣ озмуни грантии “Формати хурд 2024”-ро эълон мекунад, ки он на танҳо барои редаксияҳову журналистони мустақил, гурӯҳҳои эҷодиву продакшнстудияҳо, балки барои блогерону фаъолони ҷамъиятӣ ҳам пешбинӣ шудааст.
Озмуни мазкур дар доираи лоиҳаи нави минтақавии CAIIA баргузор мешавад ва он ба дастгирии муҳити созгори иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ равона шудааст.
“Формати хурд 2024” ҳамагӣ аз 2 давраи интихоб иборат аст: интихоби техникӣ ва питчинг (ҳимояи идея). Дар ҳарду давра ба масъалаҳои зер аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад:
- Актуалӣ будани мавзӯи пешниҳодшаванда. Муаллифони идея ҳангоми пур кардани дархост бояд аҳамият диҳанд, ки ин шабу рӯз кадом мавзӯъҳо дар ҷомеъа ба масъалаи доғ табдил ёфтаанд, чунки ин озмун бештар аз иштирокдорон таҳлил ва баррасии рӯйдодҳои ҷориро тақозо мекунад.
- Формат ва забони матлаб. Муаллифоне, ки матлабҳояшон комилан ё ҳадди ақал қисман бо забони тоҷикӣ омода мешаванд, имкони бештари ғолибшавӣ доранд. Интихоби формати мувофиқ ва ҷолиб ин шонсро боз ҳам бештар мекунд.
- Давомнокии лоиҳа. Он бояд аз 2 то 6 моҳ бошад.
- Буҷаи лоиҳа. Маблағи дархостшаванда бояд ҳудуди $3000-$5000 бошад. Ба рӯйихати хароҷот ворид сохтани иҷораи техника ё хариди он иҷозат дода мешавад. Доварони озмун ҳатман ба мутобиқати нархи буҷаву бозор аҳамият медиҳанд ва дар ҳолати зарурӣ мо аз шумо бознигарии онро дархост мекунем.
- Иҷозатномаи истеҳсол ва паҳни мундариҷаи аудиовизуалӣ. Мавҷудияти чунин ҳуҷҷат ҳатмист, аммо агар шумо онро надоред, метавонед барои кумак ба шарикони дигар, ки литсензия доранд, муроҷиат кунед. Мо борҳо аз ин усул истифода кардаем ва ин роҳи беҳтарини ҳалли мушкил аст.
Хабари натиҷаҳои интихоби техникиро мо ба шумо аллакай 23 январ мерасонем ва ба питчинг то 10 феврал даъват мекунем. Номи ғолибони озмун то нимаи моҳи феврал эълон мешавад. Бахши ниҳоӣ, яъне омодасозии ҳуҷҷатҳо ва пешниҳоди грантҳо, ба охири моҳи феврал рост меояд.
Агар шумо идеи ҷолиб доред, пас дарҳол ба пур кардани ДАРХОСТ оғоз кунед, чунки қабули он аллакай 21 январи 2024 (соати 23:59 ба вақти Душанбе) анҷом меёбад.
Барои маълумоти бештар метавонед ба суроғаи электронии mkiromova@internews.org мактуб фиристед.
Аммо мо дар ҳар сурат ният дорем, як ҷаласаи онлайниро рӯзи 15 январ, соати 16:00 баргузор кунем, то шумо бевосита суолҳои доштаатонро ба мутахассисони Internews диҳед.
Лоиҳаи “Дастгирии муҳити созгори иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ” аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад ва Internews онро амалӣ месозад.