Ду лоиҳаи расонаии ҷавонон бурсияҳои Интернюсро мегиранд

6 июл муаррифии лоиҳаҳои Медиаакселератори ҷавонон, ки дар тӯли се моҳи фаъолияти он таҳия шудаанд, баргузор гардид. Ҳайати доварон ду ғолибонро муайян карданд, ки онҳо барои амалӣ гардонидани стартапҳо ва инчунин дастгирии машваратии коршиносон грантҳо мегиранд.

Ғолибон Медиаакселератори ҷавонон:

Лоиҳаи “Сливки Медиа”, slivki.tj, Тоҷикистон

Муаллиф: Мубориз Субҳонов

Ин расонаи нав насли ҷавонро мустақилияти молиявӣ ва технологияҳои навро таълим медиҳад. Муҳтаво аз ҷониби дастаи ношир таҳия карда мешавад, аммо сомона инчунин барои маводҳои хонандагон қисмате дорад.

Лоиҳаи Ariapp: роҳнамои аудиоӣ, Қазоқистон

Гурӯҳ: Зоя Фалкова ва Антон Платонов

Муаллифон мехоҳанд воситаи муассири таблиғи намоишгоҳҳоро эҷод кунанд; он ҳамчун шабакае ташаккул ёфтааст, ки ҷавонон, рассомон, дизайнерҳо ва шунавандагони онҳо муҳтаво эҷод мекунанд ва метавонанд онро гӯш кунанд.

Дар маҷмӯъ, дар кори Акселератор шаш гурӯҳ ширкат карданд – се даста аз Тоҷикистон ва се даста аз Қазоқистон. Кор 3 апрел оғоз ёфта, 27 июн ба охир расид. Дар тӯли се моҳ, дастаҳо роҳҳои муайян кардани аудиторияи мақсаднок ва тақсимбандии он, эҷод ва пешбурди муҳтаво, монетизатсия ва нозукиҳои сохтани гурӯҳи кориро омӯхтанд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *