Эҷоди контенти босифати видеоӣ барои телевизион, вебсомонаҳо ё YouTube-каналҳои муаллифиро бо маблағҳои минималӣ, иштирокчиён метавонанд дар тренинги «Истеҳсолоти камбуҷет дар телевизион ва платформаҳои онлайнӣ» биомӯзанд, ки дар Душанбе аз 24 то 29 ноябр ва дар Хуҷанд дар аввали декабр баргузор мегардад.
Диққати асосӣ дар тренинг ба эҷоди ток-шоуҳои камбуҷет, намудҳои он ва қоидаҳои тиллоии омода кардани контент дар ин жанр дода мешавад. Илова бар ин, дар давоми тренинг иштирокчиён метавонанд усули ташкили мусоҳибаҳои видеоиро азхуд кунанд, бо форматҳои гуногуни барномаҳои телевизионӣ, аз ҷумла форматҳои онлайнӣ, шинос шаванд, барномасозии камбуҷет ва чӣ тавр муайян кардани аудиторияи худро биомӯзанд. Тренерони ин омузиш коршиноси расонаҳои қирғиз бо таҷрибаи 25-сола Иброҳим Ҳасан-Охунов ва рӯзноманигори маъруфи телевизиони тоҷик Шаҳло Акобирова мебошанд.
– Тамоми тренинг бо кори амалӣ асос меёбад ва пас аз анҷоми он, ширкаткунандагон маҳсулоти худро муаррифӣ мекунанд. Бо назардошти вазъи молиявии расонаҳо, мо чӣ гуна сохтани контенти босифатро бо маблағи кам меомӯзонем,- мегӯяд, ҳамоҳангсози лоиҳаи созмони ҷамъиятии «Хома», – ташкилкунандаи тренинг – Лола Мерганова.
Барои иштирок дар омӯзиш намояндагони шабакаҳои телевизионии мустақил ва давлатӣ, студияҳои истеҳсолӣ, васоити ахбори оммае, ки видео истеҳсол мекунанд, фрилансерҳо ва блогнависон даъват карда мешаванд. Номзадҳо барои иштирок дар тренинг дар асоси озмун интихоб мешаванд.
Дархостҳо барои озмун аз Душанбе, НТҶ ва вилояти Хатлон то 17 ноябр қабул карда мешаванд; аз вилояти Суғд то 30 ноябр. Бо дархост бояд ҳолномаи корӣ ва эссеи кӯтоҳ дар мавзӯи “Чаро ман мехоҳам дар тренинг ширкат кунам?” ирсол шавад, ки дар он сабабҳои иштирок дар лоиҳа тавсиф карда шаванд. Резюме(ҳолномаи мухтасар) ва эссеро метавон ба воситаи почтаи электронии lolamerganova8@gmail.com ё ба суроғаи: гузаргоҳи 1-уми кӯчаи Академикҳо Раҷабовҳо, № 7- дафтари созмони «Хома» (дар наздикии бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) равон кард.
Довталабон (ба истиснои фрилансерҳо) бояд нома бо иҷозати роҳбари худро барои иштирок дар омӯзиш пешниҳод намоянд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.