Дар кинотеатри “Ватан” – и пойтахт нахустнамоиши қисми якуми аввалин силсилафилми саводи расонаӣ дар Тоҷикистон таҳти унвони “Дом”, ки аз ҷониби “Азия-Плюс” таҳия шудааст, бо иштироки таҳиягарони он, рӯзноманигорон, коршиносони расонаӣ ва синамоӣ баргузор гардид. Силсилафилми номбурда дар чаҳорчӯби лоиҳаи REVIVE, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, таҳия шудааст.
Силсилафилми “Дом” аз 6 қисм иборат аст ва он бо забони тоҷикӣ таҳия шудааст. Мақсади омода намудани чунин силсилафилм баланд бародоштани сатҳи саводӣ расонаии аҳолии кишвар мебошад. Ин нуктаро қабл аз оғози намоиш дар сухани ифтитоҳии худ Давиде Казале, ройзани сиёсии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон таъкид намуд:
– Ҳадафи асосии лоиҳаи REVIVE – баланд бардоштани саводи расонаӣ ва мубориза бо иттилои бардурӯғ мебошад. Аз ин рӯ, мо хеле хушҳолем, ки ин силсилафилм дар доираи яке аз маъракаҳои иттилоотии лоиҳаи мазкур ба навор гирифта шуда, мавзуъҳои рушди тафаккури интиқодӣ, мубориза бо маълумоти бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоиро дар бар мегирад.
Баъд аз эълон намудани озмун барои эҷоди муҳтаво дар мавзӯи саводи расонаӣ, ба Интернюс лоиҳаҳои зиёде пешниҳод гардид ва баъд аз омӯзиши онҳо бартарият ба лоиҳаи “Азия Плюс” дода шуд.
– Бояд тазаккур кард, ки “Азия Плюс” баъд аз омӯзиши таҳқиқотҳои расонаӣ ва санҷишҳо камбуди муҳтаво бо забони миллиро муайян карда, тасмим гирифт ин силсилафилмро бо забони тоҷикӣ омода кунад. Ин гуна рӯйкард ба мақсади лоиҳа хеле наздик буд, – қайд намуд Рухшона Нажмидинова, Директори кишварии Интернюс дар Тоҷикистон.
Манижа Ахмедова, директори Радиои “Азия Плюс” мегӯяд, ки барои фаҳмову содда ба забони миллӣ расонидани вижагиҳои саводи расонаӣ ба аҳолии кишвар тарҷумони ҳирфаиро ба кор ҷалб намудаанд:
– Мавзӯе, ки дар филм бардошта шудааст, барои ҷомеаи мо, бахусус ҷавонон хеле муҳим аст. Барои ҳарчӣ бештар фаро гирифтани доираи зиёди ҷавонон, мо силсилафилмро бо забони тоҷикӣ офаридем. Тарҷумони ин филм нависандаи тоҷик Абдуғаффори Абдуҷаббор ба забони фаҳмо, равон ва соддаи тоҷикӣ филмро тарҷума карданд, ки бинанда ба осонӣ мазмунро дарк кунад.
MediaTJ баъди анҷоми намоиш бо чанд тан аз тамошобинон, коршиносон ва таҳиягарони филм суҳбат карда, таассуроти онҳоро пурсон шуд:
Субҳон Ҷалилов, директори барномавии Радиои “Ватан”, ровӣ ва коршиноси расонаӣ:
– Мо силсилафилмҳои хуби зиёд дорем. Аммо филме, ки ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва аз ҳама муҳим – аз ҷиҳати паём бисёр муфид бошад барои мардум хеле кам аст. Ва ба фикри ман силсилафилми “Дом” аз ҷумлаи ин гуна веб сериалҳо хоҳад буд. Умедворам ин силсилафилм, ки барои доираи васеи бинандагон мебошад, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.
Шаҳодат Соҳибназарова, Устоди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, коршиноси саводи расонаӣ:
-Мо танҳо қисми аввали силсилафилмро тамошо кардем ва аллакай маро сужаи филм ба шавқ овард. Иҷрои нақшҳо, мусиқӣ ва кор бо садо хеле дуруст ба роҳ монда шудааст, илова бар ин мавзӯи ин силсилафилм хеле мубрам ва дар фазои ҳозираи расонаӣ зарурӣ мебошад. Пас аз тамошо ҳар як бинанда хулоса мебарорад, ки бояд нисбати ҳар чизе ки мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мешунавем, мебинем ва мехонем эҳтиёткор бошем. Тафаккури интиқодии худро рӯшан карда, таҳлил кунем, ки агар ман ба ин хабар ё гуфта аксуламал нишон медиҳам, оқибаташ чӣ хоҳад буд.
Рустам Гулов, коршиноси саводи расонаӣ ва рақамӣ:
-Агар аз нуқтаи назари саводи расонаӣ ба ин силсилафилм нигарем, элементҳои зиёди он дар ин силсилафилм дида мешавад. Умедворем, ки силсилафилми хуб барои дидан ва паҳн кардан хоҳад буд. Агар ҳамаи қисмҳои ин силсилафилмро бубинем, пасон мо метавонем, ки инро на танҳо ҳамчун филм, балки як намунаи омӯзишии саводи расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ, яъне масъалаи будан ва ё набудани он миёни ҷавонон пешниҳод кунем. Чаро ҷавонон? Мухотабони асосии шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонон мебошанд. Ва мо метавонем гуфт, ки аудиторияи асосии ин силсилафилм ҳам худи ҷавонон мебошанд.
Наргис Қосимова, рӯзноманигор ва коршиноси расонаӣ:
-Солҳои охир мо дар бораи саводи расонаӣ бисёр мегӯем ва таъкид мекунем, ки маълумотро насанҷида, ба он бовар кардан иштибоҳ аст. Барои ман хеле ғамангез буд, ки қаҳрамони асосии силсилафилм бо як боварии комил ба эълони кор дар шабакаи иҷтимоӣ зуд бовар кард ва онро насанҷида розӣ шуд, ки ба кишвари хориҷӣ барои кор равад. Ӯ ба худ савол надод, ки куҷо меравад, ӯро кӣ пешвоз мегирад ва аз ҳама муҳим чӣ гуна кор дар хориҷи кишвар аст, ки ин қадар дар вақти кӯтоҳ дуруст шуд. Ин нуктаҳои кӯчак ва назарногир ҳам бошанд, хеле муҳиманд. Ин ҳамон лаҳзаҳое мебошанд, ки дар зиндагии мову шумо пеш меоянд.
Сужаи ин силсилафилм дар асл ба воқеаҳое, ки дар зиндагӣ дар ҳақиқат ба вуҷуд меояд монанд аст. Дар қисми аввали он мо ҳодисаеро мушоҳида мекунем, ки дар ҳаёти воқеӣ на як бор рух додааст:
Малика ном духтаре, ки дар яке аз шаҳракҳои музофотӣ зиндагӣ мекунад, дар Интернет эълонеро дар бораи кор мебинад. Дар он гуфта мешавад, ки ин кори сердаромад берун аз Тоҷикистон мебошад. Ба хотири амалишавии орзуҳои деринаи худ ва ба даст овардани маблағи калон Малика ба ин эълон бовар карда, барои мусоҳиба он ҷо меравад. Баъдан Малика ҳақиқати даҳшатнокеро мефаҳмад ва дарк мекунад, ки дар асл ба доми фиреб афтодааст ва роҳи хатарнокеро интихоб кардааст.
Силсилафилми “Дом” 6 қисм аст ва онро аз саҳифаи ютуби “Азия Плюс”, рӯзҳои панҷшанбе, шурӯъ аз 5 октябри соли 2023 тамошо карда метавонед.
Ин силсилафилм дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) рӯйи кор омадааст ва бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби Internews амалӣ мешавад.