12 нафар рӯзноманигори расонаҳои тоҷикӣ дар Мактаби гузориши махсус иштирок карданд, ки таренери асосии он рӯзноманигори маъруф, наворбардор, коргардон ва барандаи бисёр ҷоизаҳои бонуфузи касбӣ, аз ҷумла TЭФИ, Денис Бевз аз Русия буд. Ба ғайр аз омӯзиш додани маҳоратҳои кор дар жанри гузориши махсус, тренери расонаӣ бо иштироккунандагони Мактаб дар бораи тамоюлҳои марбут ба ин формат ва бисёр чизҳои дигар маълумот дод.
Мактаби гузориши махсус бо дастгирии Internews имсол якбора дар се кишвари минтақа – Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар Тоҷикистон омӯзиш 12 нафар иштироккунандаро фаро гирифт. Дар ин се кишвар бо журналистон тренерони байналмилалӣ дар давоми шаш рӯз кор карданд. Масалан, дар Тоҷикистон хабарнигори телевизионии маъруфи Русия Денис Бевз тренери асосӣ шуд.
Мактаб дар Тоҷикистон аз ҷониби созмони “Хома” ташкил шуд. Ин созмон дар озмуни грантии Internews, ки охири соли гузашта эълон гардида буд ғолиб омад. 21 июл, рӯзи панҷшанбе, маросими тақдими гувоҳиномаҳо ба иштирокчиёни мактаб сурат гирифт.
Ба гуфтаи роҳбари “Хома” Шаҳло Акобирова репортажҳои телевизионӣ вуҷуд доранд, талошҳо барои таҳияи онҳо дида мешаванд, аммо сифати онҳо хуб нест, ва талаботҳои репортаж ба инобат гирифта намешаванд.
— Дар бораи гузориши махсус бо камоли боварӣ метавонам бигӯям, ки мо онро надорем. Репортажи махсус – ин таҳлил аст, ин журналистикаи ҷиддӣ аст. Барои хуб ва босифат омода кардани репортаж бештар кор кардан лозим аст, — мегӯяд Акобирова.
Ба гуфтаи вай, ҳангоми санҷиш созмондиҳандагон пай бурданд, ки: ширкаткунандагон бовар доранд, ки репортажи махсус – ин вақтест, ки як сабаби иттилоотӣ ва қаҳрамоне вуҷуд дорад, ки онро ба таври ҷолиб нақл мекунад.
— Аммо дар давоми машғулиятҳои шашрӯза баччаҳо диданд, ки репортажи махсус як жанри мураккаб аст ва ба филми мустанад шабоҳат дорад. Дар он ибтидо, интиҳо, авҷ ва гиреҳкушоӣ, хатти мушаххаси сюжет вуҷуд дорад. Ҳанӯз ҳангоми омодагӣ зарур аст, ки ҳар як кадр дақиқ тасвир карда шавад. Аллакай дар рафти машғулиятҳо, вақти брейнсторминг иштироккунандагони мактаб мавзуъҳоро иваз мекарданд, зеро онҳо фаҳмиданд, ки дар аввал мавзуъро наомӯхта буданд ва он ба талаботи репортажи махсус ҷавобгӯ нест, — гуфт Акобирова.
Роҳбари “Хома” мегӯяд, ки пас аз итмоми машғулиятҳо дар Мактаби гузориши махсус андешаи ширкаткунандагон амиқтар ва васеътар шуд ва онҳо мехоҳанд дар ин жанри хос корро идома диҳанд ва муҳтавои баландсифат тавлид кунанд. Ва ба созмондиҳандагон лозим аст, ки дар бораи ҳамкории оянда бо иштироккунандагон фикр кунанд, то онҳо ба зинаҳои нав бароянд.
Маҳпора Киромова, менеҷри бахши таълимии Internews мегӯяд, дар бозори расонаҳои Тоҷикистон чунин репортажҳои махсус вуҷуд надорад. Репортажҳои маъмулӣ ё хабарӣ вуҷуд доранд. Ҳамин тариқ, идеяи гузаронидани чунин тренинг бо ду сабаб пайдо шуд: аксарияти намояндагони расонаҳо ҳоло телевизионро тарк карда, ба YouTube мераванд, инро воқеиятҳои муосир талаб мекунад. Ба гуфтаи Киромова, репортажи махсус яке аз тамоюлҳои ин платформа аст:
— Ва он чизе, ки мо дар давоми тренинг омӯзиш додем, — ин на репортажи махсуси классикӣ барои телевизион, балки ҳамаи чизҳоест, ки дар фазои YouTube низ қобили татбиқ мебошанд.
Бо такя ба таҷрибаи кори худ, Киромова мегӯяд, ки дар давоми ду соли охир барои тавлиди филмҳои мустанад ва ё барои мактаби филмҳои мустанад дархостҳои зиёде омадаанд. Аммо ҳангоми омӯзиш, созмондиҳандагон ба ин нукта пай мебаранд, ки одамон зери мафҳуми филми мустанад бештар мехоҳанд репортажи махсус ба навор гиранд:
— Бинобар ин мо қарор додем, ки омӯзиш диҳем, то шумораи ин гуна корҳо зиёдтар шаванд. Ва фарқ надорад, ки ин кор дар телевизион анҷом мешавад ё аз аз тарафи муаллифони мустақил дар YouTube.
Мактаб дар ду марҳила гузаронида шуд: дар аввал, иштироккунандагон бо тренерҳои байналмилалӣ ба таври офлайн кор карданд, дар ин марҳила ҳар кас мавзӯи репортажи худро таҳия кард. Сипас, рӯзноманигорон ва блогерҳо барои анҷом додани кори худ дар формати гибридӣ (офлайн ва онлайн) кумаки роҳнамоӣ гирифтанд.
Дар доираи Мактаби гузориши махсус панҷ гузориши таҳлилӣ омода шудааст: баробарии занону мардон дар варзиш, мушкилоти паноҳандагони афғонистонӣ, нарасидани табибон дар вилояти Хатлон, сабаби набудани пул дар банкоматҳо ва масъалаи аз нав коркарди лампаҳои симоб. Ҳамаи маводҳо дар платформаҳои расонаии маҳаллӣ нашр шуданд.
Исматулло Абдуллоев, яке аз иштироккунандагони Мактаби репортажи махсус мегӯяд, ки дар рӯзҳои омӯзиш роҳҳои дарёфти зовияҳои нав барои нашри мавод, таркиби маводи видеоии ҷамъоваришуда бо ба эътибор гирифтани ҷанбаҳои ҳуқуқии мавод, инчунин навъҳои стендапҳоро омӯхтааст:
— Аз рӯи натиҷаҳои тренингҳо ман дар бораи мушкилоти гурезаҳои афғон дар кишвари мо маводи видеоӣ омода кардам. Ин мавзуъро барои он интихоб кардам, ки тайи як соли охир дар кишвари мо теъдоди муҳоҷирон зиёд шудааст, вале аксари онҳо наметавонанд аз рӯи ихтисосашон кор пайдо кунанд.
Дар Мактаб рӯзноманигорону блогерони ҳирфаӣ аз расонаҳои мухталифи Тоҷикистон – «Фараж», «Шабакаи аввал», «ТВ Бадахшон» иштирок доранд. Илова бар маҳоратҳои кор дар формати репортажи махсус, Денис Бевз ба онҳо тамоюлҳои муҳими муосирро тавзеҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар репортажҳои махсус бештар инфографика, матн ва тасвирҳо истифода мешаванд – қатори видео бо матн омехта мешавад ва дар байни телевизион ва интернет ҳам симбиоз ба вуҷуд меояд.
— Имкониятҳои техникии пешниҳоди иттилоот бо истифода аз шеваҳои гуногун вуҷуд доранд, — масалан, шумо метавонед дар як вақт аз журналистикаи телевизионӣ ва рӯзномаӣ истифода баред. Аммо, зоҳиран, мағзи одам, аз ин чиз қафо мондааст. Журналисти идеалии чандрасонаӣ, ки 10 сол пеш ба мо дар бораи он гуфта буданд, ҳеҷ пайдо нашуд. Инсон, мағзи инсон, қобилиятҳои эҷодӣ аз пешрафтҳои техникӣ ақиб мондаанд, — тавзеҳ дод Денис.
Илова бар муҳокимаи маҳоратҳои корӣ ва тамоюлҳо, дар Мактаб иштироккунандагон таваҷҷуҳи зиёд ба ҷанбаҳои ахлоқии касб низ зоҳир карданд. Коршинос бар ин назар аст, ки робитаи доимии рӯзноманигор бо аудиторияаш имрӯз бештар аз ҳар вақти дигар ниҳоят муҳим аст:
— Журналист кори худро кард, вокуниши тамошобинро гирифт (мусбат ё манфӣ), аммо ӯ ҳам бояд бубинад, ки ба шарофати маводаш зиндагӣ чӣ гуна тағйир меёбад. Журналист зиндагиро тағйир намедиҳад, ҷӯйбор ҳам намесозад ва масъалаҳои хоҷагии манзилию коммуналиро ҳал намекунад, ин корро бояд ниҳодҳои масъули давлатӣ анҷом диҳанд, аммо бо пешниҳоди журналист.
Ба гуфтаи коршинос, вақтҳои охир мардум дар ҳоле ба ВАО муроҷиат мекунанд, ки роҳ ё чораи дигаре вуҷуд надорад – масалан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аризаи онҳоро қабул намекунанд, прокуратура аз санҷиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ худдорӣ мекунад. Он гоҳ одам бо умеди дарёфти ёрӣ ба расонаҳо мурочиат мекунад. Ва журналистҳо дарк мекунанд, ки ин мушкили як нафар нест, балки як мушкили системавии тамоми ҷомеа аст.
— Ва ин мушкилот бояд гуфта шаванд; агар хомӯш бимонед, мушкилоти дигар пеш меоянд. Иттиҳоди Шӯравӣ аз он сабаб фурӯ рехт, ки теъдоди зиёди мушкилоти бузург болоиҳам ҳам ҷамъ шуданд, ки дар бораи онҳо то лаҳзаи охир ҳама хомӯш буданд, — мегӯяд Бевз.
Муаллифи аксҳо: Сафарбек Кабиров
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.