Дар бораи он ки дар Тоҷикистон ҳануз ҳам шумораи видеоконтентҳо нокифояанд, роҳи дурусти наворгигириb кепшн-видео чи гуна аст ва онҳоро тамошо мекунаyд- тренери Мактаби MobiVideo 2019,рузноманигори дафтари тоҷикистонии “Радиои озодӣ” –Таҳмина Ҳакимова нақл мекунад.
Суръати пастарини интернет дар олам- суръати интернет дар Тоҷикистон-мушкилии асосии тамоми сокинони он аст, аммо махсусан аз ин ҳолат истеҳсолкунандаи виеоконтентҳо нороҳатанд. Дар рейтинги Speedtest Global Index барои соли 2018 , мо дар сатри охирин, ҷойи 124 қарор доштем. Суръати интернет 4,97 Мбит/с-ро ташкил медиҳад.
Маҳз аз ҳамин сабаб, ҳануз дар Тоҷикистон теъдоди роликҳои видеоӣ нокифоя ваблогнависоне, ки каналаҳои худро дар Ютуб доранд ё дар Инстаграма видео сабт мекунанд, хеле каманд. Дар ҳамин ҳол шуҳрати чунин навъ муҳтаво афзоиш меёбад, рузноманигорони нашрияҳои бузург дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳояшон мунтазам кепшн видео мегузоранд ва рузноманигорони шаҳрвандиеро, ки омодаанд барояшон навор бигиранд , ба ҳамкорӣ даъват менамоянд.
Дар давоми ҳафта иштирокчиён навор гирифтанд, роликҳоро монтаж кардан ва дар натиҷа 10 матлаби рузноманигорӣ ҳосил шуд, ки дар сомонаи “Радиои озодӣ”нашр хоҳанд шуд. Ҳамучинин ҳангоми муаррифии роликҳо аз Гулнора Амиршоева – сармуҳаррири медиакомпанияи “Вечерка”, ки бо дигар ҳамтоёнаш дар маросими муаррифии роликҳо даъват шуда буд, пешниҳоди харидории яке аз роликҳо иброз шуд.
5 маслиҳат оид бо сохтани caption видео аз Таҳмин Ҳакимова
-Пеш аз саршавии ин мактаб иштирокчиён машғулиятеро иҷро намуданд, яъне аз ҷойҳои дустоштаашон дар Душанбе навор гирифтанд ва аз он даҳ навор танҳо дар бораи яке метавон гуфт, ки ба қадри ҳол ҷавобгуйи меъёрҳо аст,-мегуяд Таҳмина.- Мушавваш будам, ки оё наворгирии роликҳоро аз худ мекарда бошанд, вале баъдан худамро ба ёд овардам, ки ман ҳам чунин тренингро гузашта будам ва ёд гирифтам ку.
Дар рафти машғулиятҳо ҳар иштирокчӣ сетоӣ видео гирифтанд, якҷоя сари хато ва ғалатҳо кор кардем ва дар натиҷа роликҳои хубе сохтем, ки мазвъуҳоро иштиркчиён худашон интихоб карда буданд.
Дар Тоҷикисто киҳо ва чи гуна видео мегиранд?
Таҳмина мегуяд ки видеоконтенти тоҷикӣ оҳиста оҳисата , вале рушд мекунад.
– Аммо алҳол, то даме ки ба корҳои якдигар нигоҳ карда, ролик месозанд, ягон чизи асил нест. Масалан, ман Алҷазирарро доим тамошо мекунам, ки аввалин шуда кепшн видеро роҳандозӣ кард ва мебинам, ки онҳо чи тавр қолабҳоро дигаргун, мекунанд, моли худии хосро истеҳсол мекунанд, дар мо чунин нест. Фикр мекунам, ки рузноманигорон ба блогнависони мо боз ҳам аз сабаби сустии интернет имкони дидани видеои зиёд, чизеро аз бар намудан ва чизи тозае фикр кардан надоранд, – мегуяд ӯ.
Номбурда шарҳ медиҳад,ки кепшн видое на танҳо ба хотири қолабҳо,ҳамчунин аз ҷиҳати мавзуи роликҳо ҳам рушд мекунад. Аксар журналистон ва блогнависоне, ки видео истеҳсол мекунанд-ҷавононе ҳастанд, ки бинишашон ба таври ҷиддӣ аз насли калонсоли журналистон фарқ мекунад . Аз видеоҳои нисбатан хотирмоне, ки дар муҳити расонаии Тоҷикистон пайдо шуданд,Таҳмина ролик дар бораи он, ки “чи тавр рузноманигор дар офтоб тухмбирён пухтан натавонист”-ро зикр мекунад, ки гуруҳи расонаҳои АзияПлюс омода намуданд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз миллион бор мавриди тамошо қарор гирифт.-Қандашона зананд .Вақте дар Душанбе гармои тоқатфарсо буд, мо ҳам хостем чунин ролик ба навор бигирем ва мо ин корро кардан натавонистем. Онҳо ҳам натавонистанд, вале ролике гирифтанд, ки муҷиби тамошои теъдоди зиёди одамон гардид, – мегуяд ӯ.
Таҳмина мегуяд, ки барои кепшн видео мавзуҳои нисбатан сабук муносибанд,то ки барои аксарияти корбарон фаҳмо бошанд, мисли нақлиёт,болоравии нарх дар бозор.
– Ҳарчанд “Настоящее время” дар мавзуъҳои ҷиддӣ роликҳо омода мекунад, аммо ин кори мураккаб аст:ҷамъоварии иттилоот аз шумораи зиёди сарчашмаҳо,таҳлили амиқ ва бисёр кори олӣ , -нақл мекунад Таҳмина.
Аммо дар нисбати видеоблогнависони тоҷик, онҳо дар сегменти тоҷикии интернет ба андозае каманд, ки таҳлил кардан мушкил аст. Дар мо блогнависони хуб ангушумор,миёнаҳо андаке бештаранд ва блогнависони бад бисёранд духтаронеро, ки блог менависанд таъна мезананд, ки худнамоӣ хуб нест, хоксорӣ нест. Бисёриҳо ҳатто аз даст задан ба ин кор метарсанд.Дар ҳамин ҳол чанд блогнависеро номбар мекунад, ки шоистаи пайгирианд: онҳо Лола Қосимоваи 14 сола бо youtube-канал Thelola,-аш, ки ба наврасони пойтахт равона шудааст , канали «Рузич ТВ», ки ба дарку фаҳмиши гаҷетҳои нав бахшида шудааст ва канал Малика Шукурова, ки дар боари эъҷодиёташ нақл мекунад.
Таҳмина умед дорад, ки дар боло зикршудагон ва дигарон дар ояндан метавонанд алтернативаи контенте бошанд, ки дар телевизионҳои ватанӣ истеҳсол мешаванд ва ҳамчунин контенти нашрияҳои интернетиро гуногунранг намоянд.