Дар Қазоқистон, Қирқизистон ва Тоҷикистон дар як вақт маъракаи “Корвони саводи расонаӣ” шуруъ мешавад. Ҳадафи маърака — кумак ба мухотабон дар се кишвар аст то дар баробари иттилооти бардурӯғ, дасткорӣ ва суханони танаффурангез муқовимат кунанд. Ҳамасола ҳафтаи охири моҳи октябр дар тамоми ҷаҳон ҳафтаи ҷаҳонии саводи расонаи баргузор мешавад. Имсол он 24-31 октябри соли 2024 доир мешавад, мавзӯи сол — «Марзҳои рақамии ҷадиди иттилоотӣ: саводи расонаӣ ва иттилоотӣ дар манофеи иттилои иҷтимоӣ”.
Дар ҷашнгирии ҳафтаи саводи расонаӣ дар Осиёи Марказӣ се созмон аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бо дастгирии лоиҳаи «Боло бурдани устувории аудитория тавассути саргузаштҳои боэътимод» (CARAVAN)» дар Осиёи Марказӣ, бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва амалигардонии Internews иштирок хоҳанд кард.
CARAVAN дар минтақа аз 1 апрели соли 2024 шуруъ шуда, 30 моҳ идома меёбад. Он ба эҷоди равобити дарозмуддат ва қобили эътимод байни шарикон, ки дар рушди саводи расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ дар минтақа машғуланд, равона шудааст, ки ба сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак мекунад то барномаҳои иттилоотиро беҳтар самтгирӣ кунанд, назари худро ташаккул диҳанд ва тасмими калидӣ гиранд.
Давоми ҳашт моҳ дар се кишвар се созмон маъракаҳои иттилоотии маҳаллиро мегузаронанд ва барои баргузор кардани фаъолияти минтақавӣ муттаҳид мешаванд, ба ин васила “Корвони саводи расонаӣ” ба якчанд кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар хоҳад кард.
«Корвони саводи расонаӣ» бояд ба мухотабон кумак намояд то ахборро беҳтар дарк кунад, далелҳои айниро аз ғаразнок, далелҳои тарафдору муқобилро фарқ гузорад, инчунин инъикоси ҳодисаҳои айниро аз таблиғ ҷудо карда тавонад.
Дар Қазоқистон “Сандуқи хусусии ташаббуси фарҳангии Тимур Бекмамбетов» маъракаи: «Фактчекер: ифшои дурӯғҳо дар фазои рақамӣ”, ки роҳандозии як бозии веб дар шакли онлайн-муррабӣ «Фактчекер», муҳтавои таълимӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин фаъолиятҳои офлайнӣ, ки таваҷҷуҳи қазоқистониёнро ба мавзуи саводи расонаӣ ҷалб мекунад, ба роҳ мемонад.
Дар Қирғизистон Ассотсиятсияи расонаҳои иҷтимоӣ харитаи таомулиро барои муайян кардани иттилои бардурӯғ ва хабарҳои қалбакӣ роҳандозӣ ва дар 30 минтақаи кишвар мусобиқаҳои омӯзишӣ баргузор мекунанд. Дар силсила –муҳтаво мавридҳои иттилои бардурӯғ ва тақаллуби рақамиро таҳлил мекунад, қаҳрамонҳои ҳаҷвии “Акмат ва Ташмат” тариқи формати ҳаҷвӣ дар бораи аҳамияти тафаккури интиқодӣ суҳбат мекунанд. Ҳаҷвҳоро метавонанд обуначиёни гӯшаҳои расонаӣ дар саросари кишвар хонанд.
Дар Тоҷикистон ТҶ «Равзана» дар якҷоягӣ бо платформаи factcheck.tj дар чаҳорчӯби маъракаи “Аз ҳақиқат бигӯ” дар ширкатҳо ва донишгоҳҳо дарсҳои маҳорат (мастер-класс), омӯзишҳо (тренинг) ташкил намуда, мунтазам муҳтаво (лонгридҳо, инфографикҳо, наворҳои кӯтоҳ ва рилсҳо) эҷод ва онлайн – озмунҳо ва миёни микроблогерҳо марафони хурд оғоз мекунанд.
Ҷанбаи муҳими тамоми маърака рушди тафаккури интиқодӣ ва малакаҳои рақамии аҳолӣ мебошад, ки ба одамон дар шинохти қалбакиҳо, таҳлили эътимоднокии иттилоот ва манбаъҳои он мусоидат мекунад. Ғайр аз ин, маърака ба ҳамкории минтақа байни расонаҳо мусоидат намуда, барои мубодилаи таҷриба ва талошҳои муштарак дар мубориза бо иттилои бардурӯғ шароит фароҳам меорад.
«Ҳадафи мо — ин аст, ки ба одамон дар Осиёи Марказӣ кумак расонем, то огоҳии бештар дошта ва аз дасткорӣ ва иттилои бардурӯғ эмин бошанд. Мо кӯшиш мекунем шароит фароҳам орем, то ҳар як нафар тавонад иттилоъро аз диди танқидӣ арзёбӣ кунад, интихоби огоҳона ва устувории фазои расонаҳоро дар минтақа дастгирӣ кунад», — қайд кард Вадим Садоншоев, роҳбари лоиҳа.
“Корвони иттилоотӣ” дар доираи лоиҳаи «Боло бурдани устувории аудитория тавассути саргузаштҳои боэътимод» (CARAVAN)», бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва амалигардонии Internews баргузор мегарлдад.