Ширкати расонаии “Вечёрка” якҷоя бо Internews Tajikistan дар доираи барномаи Осиёи Марказӣ – MediaCAMP фаъолони шаҳрвандӣ ва рӯзноманигоронро барои иштирок дар Озмоишгоҳи лоиҳаҳои расонаӣ доир ба мушкилоти маориф – Content Lab даъват мекунад, ки миёнаҳои моҳи май дар Академияи Мегафон дар Душанбе баргузор мешавад.
Inclusive Content Lab чист?
Ин фазоест, ки намояндагони ВАО, созмонҳои ҷамъиятӣ ва фаъолони шаҳрвандӣ дар тӯли 3 рӯз бо ҳам лоиҳаҳои матлабҳои расонаиро таҳия мекунанд. Чунин лоиҳаҳо метавонанд бо истифода аз афзорҳои чандрасонаӣ таҳия ва амалӣ карда шаванд. Ҳангоми баргузории озмоишгоҳ мураббиён ва коршиносони даъватшуда донишҳои худро оид ба эҷоди лоиҳаҳо ва дигар афзорҳои марбут ба расонаҳо мубодила мекунанд ва ба иштирокчиён дар такмил додани лоиҳаҳошон кӯмак мерасонанд. Мавзӯи асосии лоиҳаҳо мушкилот дар системаи маорифи Тоҷикистон аст.
Дар натиҷаи кори пуршиддати гурӯҳӣ -Пеш, ДАР ДАВОМ ва БАЪД аз гузаштани озмоишгоҳ, интихоби 4 дастаи беҳтарине ба нақша гирифта шудааст, ки барои истеҳсол ва пешбурди лоиҳаҳои расонаиашон ба пуштибонии молиявӣ ноил мегарданд (мини-грантҳо).
Талабот барои иштирок
Дархостҳои муштараки намояндагони расонаҳо ва ТҒД аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон қабул карда мешаванд
Гурӯҳ бояд аз намояндагони ВАО (рӯзноманигорон, блогнависон) ва ТҒД ( лидерони андешаҳо,фъолон ва ғайра)иборат бошад
Барои дархост додан, чӣ кор бояд кард?
– ҳайати дастаро ба таври муфассал муаррифӣ кардан;
– мавзӯъ ва мушкилотеро, ки лоиҳаи шумо ба он равона шудааст, ба таври муфассал тавсиф кардан;
– аудиторияи лоиҳаи худро ба таври муфассал муаррифӣ кардан;
– формати матлабҳо ва усулҳоро (интерактив; каналҳои гуногуни таҳияи контент (сомона + шабакаҳои иҷтимоӣ + паёмнависони мобилӣ) нишон додан; дигар технологияҳое, ки бартарии идеяи шуморо собит месозанд , фарогирии васеъ ва ҷалби аудиторияро таъмин менамоянд).
– ибрози идеяи маъракаи иттилоотии ояндаи шумо дар робита бо мавзуъ ;
– асолати лоиҳаро шарҳ додан;
– зарурат ба мурофиқати техникии лоиҳаро нишон додан (масалан, таҳияи барномаҳо, нармафзори махсус ва ғайра).
Дархостҳои қабулшуда аз ҷониби комиссияи озмун баррасӣ карда мешаванд ва дар асоси он ҳайати ширкатдоронро таъсис медиҳанд.
Ташкилкунандагон барои иштирокчиёни дар натиҷаи озмун интихобшуда хароҷоти манзил, ғизо ва нақлиётро таъмин мекунанд.
Барои иштирок дар озмун, лутфан, дархостро то 16 апрели соли 2020, то соати 17:00 бо вақти Душанбе Дар Ҳамин ҶО ПУР КУНЕД
Барои маълумоти бештар дар бораи Inclusive Content Lab ба суроғаи электронӣ: vecherkatj@gmail.com муроҷиат кунед.