Ба ҳамагон маълум аст, ки чигуна хатмкунандагони донишгоҳҳо аз корҷӯйӣ азият мекашанд. Асосан дар журналистика: тамоми расонаҳо барои худ хабарнигоре мехоҳанд, ки таҷрибаи корӣ дошта бошад. Вале бидуни кор таҷриба намеояд. Аз ин рӯ, Гулназар Бозоров, донишҷӯйи соли сеюми шуъбаи рӯзноманигории ДДХ қарор гирифт, ки дар лагери панҷрӯзаи IdeaCAMP2023 ширкат карда, барои ояндаи худ гоми ҷиддӣ гузорад. Лагери IdeaCAMP2023, ки барои ҷавонон буд панҷ рӯз идома ёфта, моҳи майи соли 2023 дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) доир шуд, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Internews амалӣ мегардад.
Дар ҷараёни ин лагер ширкаткунандагонро мебоист, ки саводи расонаии худро қавитар созанд ва идеяи лоиҳаи худро дар ин самт омода кунанд. Дар идома бошад, муҳтавои санҷидашудаи саҳеҳро дар шабакаҳои иҷтимоӣ омода ва нашр намоянд. Барои чаҳор блог ё лоиҳаи беҳтарин маблағгузорӣ пешбинӣ карда шуда буд, ки идеяи Гулназар Бозоров яке аз беҳтаринҳо дониста шуд.
-Ин омӯзиши панҷ рӯза ва лоиҳае, ки дар доираи он амалӣ кардам, таҷрибаи аввалини ман дар самти блогнависӣ буд. То ширкат дар ин лагер ман аз шабакаҳои иҷтимоӣ хеле кам истифода мекардам, зеро кам медонистам. Амалисозии ин лоиҳа барои ман таҷрибаи ғаниро дар самти фаъолиятам дод. Дар ин лагер мо ҳам омӯхтем ва ҳам донистаниҳои нави худро дар амал татбиқ мекардем, – қайд кард Гулназар.
Дар ҷараёни лагери ҷавонони IdeaCAMP2023 ба ширкаткунандагон дар самтҳои саводи расонаӣ, баробарии гендерӣ, мобилография, пешбурди муҳтаво дар шабакаҳои иҷтимоӣ (SMM), этика ҷаласаҳои иттилоотӣ ва амалӣ доир карда шуданд.
Гулназар корро аз кушодани саҳифа дар шабакаи иҷтимоии Instagram шуруъ карда буд, ки айни замон қариб 500 кас ӯро пайгирӣ мекунанд ва рӯз аз рӯз пайгиронаш меафзоянд. Блоги худро дар Инстаграм Гулназар блоги хабарӣ муаррифӣ карда буд ва айни замон ҳамарӯза навиду қиссаҳоро он ҷо нашр мекунад. Лоиҳае, ки дар доираи лагери IdeaCAMP2023 амалӣ кард, қадами аввали Гулназар дар роҳи сохтани муҳтаво дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хабарнигор буд. Мавзуъи лоиҳаи ӯ дар бораи зиндагиву мушкилоти донишҷӯён ва муҳоҷироне буд, ки баъди ҷанги Русия дар Украина, дар кишвари Русия таҳсил ва ё кор мекунанд.
– Аввалин мавзуъе, ки ман лоиҳаамро шуруъ кардам дар бораи донишҷӯе буд, ки ба яке донишгоҳҳои маъруфи Русия қабул мешавад, аммо волидонаш барои ба ин кишвар рафта таҳсил карданаш иҷозат намедиҳанд. Ин муҳтаворо қиссаи Фарҳод (номи мустаъор) ном гузоштам. Фарҳод аз кӯшишҳои зиёди худ барои дохилшавӣ ба донишгоҳи маъруфи Русия қисса мекунад. Дигар навори ман дар бораи Кароматулло, яке аз муҳоҷирони тоҷик буд, ки замони эълони мобилизатсияи соли гузашта Русияро тарк кард. Он замон барояш пешниҳоди иштирок дар ҷанги Русия дар Украина шуда буд ва ин ҳолат сабаби бозгашти ӯ ба Тоҷикистон шуд.
Гулназар донишҳои ҳангоми лагер омӯхтааш ва бо менторон коркардаашро истифода бурда, муҳтавои омодасохтаашро дар шабакаҳои иҷтимоии худ дар Инстаграм ва Фейсбук нашр мекард. Дар ҷамъбаст ба Гулназар муяссар омад, ки аз лоиҳаи амаликардааш зиёда аз 180 000 тамошоро ба даст орад.
Ҳамзамон наворҳои омодакардаи Гулназарро дар доираи ин лоиҳа расонаи “Азия-Плюс” дар саҳифаҳои расмии худ бознашр мекард. Барои Гулназар Бозоров роҳ ба самти журналистикаи касбӣ боз шуд.
-Бароям хеле ҳаяҷоновар ва ногаҳонӣ буд, ки ин расонаи маъруфи кишвар наворҳои маро бознашр кард. Ин имконияти олӣ аст, ки акнун ман аз минтақаи Суғди кишвар бо ин расона ҳамкорӣ мекунам. Дигар қисмати муҳим ин аст, ки пас аз амалӣ кардани лоиҳаам, маро хабарнигорон ва муҳтавосозони маъруфу кордони кишвар ҳамчун журналисти ҷавон эътироф карданд, – қайд мекунад, Бозоров.
Гулназар аз мушкилоти пешомадааш ҳангоми амалисозии лоиҳа мегӯяд, ки кор бо қаҳрамонон хеле душвориҳо пеш оварда буд. Зеро мавзуъи лоиҳа хеле ҳассос буд: номи аслӣ ва ё баъзан вақт чеҳраи қаҳрамонҳо пӯшида нигоҳ дошта мешуд. Акнун Гулназар саҳифаи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ босуръат пеш мебарад ва ҳамарӯза мувофиқ ба самти саҳифааш муҳтаво месозад. Ва ҳамзамон бо расонаҳои мустақили кишвар ҳамкорӣ мекунад.
Гулназар Бобоев, ин ҷавони донишҷӯ давоми як сол тавонист, ки ба самти журналистикаи касбӣ қадам гузорад. Ин имконият барои ҳар як нафаре, ки омӯхтанро дӯст медорад, мавҷуд аст. Умедворем, ки саҳифа ва фаъолияти касбии Гулназар Бобоев рӯз аз рӯз маъруфтар хоҳад шуд.
Лагери панҷрӯзаи ҷавонони IdeaCamp2023 дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) доир шуд, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Internews амалӣ мегардад.