Чаҳорумин маҳфили расонаии духтарон Internews: занон дар расонаҳо, таҳқир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва хастагии шуғлӣ

Аксари рӯзноманигорон ва фаъолони Осиёи Марказӣ, ки идеяҳои баробарии гендериро таблиғ мекунанд, занон мебошанд. Тавассути муҳтавои расонаӣ, аксияву маъракаҳои омӯзишӣ онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба ҷомеа маълумоти дурустро роҷеъ ба ҳадафҳои худ ва фоидаи он барои ҳамаи иштироккунандагон расонанд. Аммо аксари вақтҳо фаъолияти рӯзноманигорон ва фаъолони гендерӣ ба як нофаҳмии амиқ дучор мешавад, ҳатто аз ҷониби онҳое, ки пеш аз ҳама ба тағйирот дар ҷомеаи мо ниёз доранд. Қариб ҳар як нафари шинохташуда дар ҷомеа, ки идеяҳои феминизм ва баробарии гендериро пахш мекунад, бо таҳқир ва ҳатто таъқиб рӯбарӯ мешавад. Чаро ин рӯй медиҳад? Фаъолони гендерӣ ва рӯзноманигорон чӣ гуна метавонанд худро аз интиқодҳои хушунатомез муҳофизат кунанд? Ва чаро зарур аст, ки мо кори худро дар шароити ҳозира давом диҳем? Дар ин бора мо дар чорумин маҳфили расонаии духтарон бо мутахассисону журналистон суҳбат хоҳем кард. Internews ҳамаро ба ин суҳбати душвор, вале зарурӣ даъват мекунад.

Кай во хоҳем хурд?

Рӯзи панҷшанбе, 7 апрели соли 2022, соати 16:00 ба вақти Алмаато ва 15:00 ба вақти Душанбе.

Чӣ тавр ба вохӯрӣ пайвастан мумкин аст?

Лутфан, дар ин ҷо сабти ном кунед, то мо ба шумо даъватнома ба вохӯрӣ дар Zoom-ро фиристем.

Ҳамчунин, мулоқоти мо дар саҳифаи фейсбукии «Новый репортер» пахш мешавад ва шумо метавонед дар ин ҷо бо мо ҳамроҳ шавед.

Бо худ чӣ бояд гирифт?

Чой/қаҳва/шарбат/об, табъи хуш ва нигариши созанда.

Маҳфили расонаии духтарон чист?

Маҳфили расонаии духтарони Интернюс чист ва онҳо чӣ гуна мегузаранд, метавонед дар ин ҷо бубинед.

Чаро умуман дар бораи масъалаи занон ин қадар гап мезанем?

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт тахмин мекунад, ки аз ҳар се зан дар ҷаҳон як нафар дар тӯли умри худ ба хушунат дучор хоҳад шуд. Занҳо то ҳол ба иштироки пурра дар ҳаёти иқтисодӣ дастрасӣ надоранд. Масалан, бахши марбут ба занони Созмони Милали Муттаҳид муайян кардааст, ки занон нисбат ба мардон дар бозори меҳнат камтар иштирок мекунанд ва эҳтимоли бекориашон бештар аст. Занон маоши камтар мегиранд ва дар баробари ҳар як доллари мард занон 77 сент маош мегиранд. Ба таври номуносибе масъули нигоҳубин дар оила ва корҳои хонагии бемузд ҳастанд (76 дарсади соатҳои умумии кори нигоҳубини бемузд дар саросари ҷаҳонро анҷом медиҳанд). Ва ин танҳо як қисми мушкилотест, ки занон дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар минтақаи мо бо онҳо рӯбарӯ ҳастанд. Зимнан, аз рафъи ин монеаҳо на танҳо занон, балки тамоми ҷомеа нафъ мебинад. Баробарии гендерӣ ба ҳама манфиат меорад, аз ин рӯ мо мехоҳем дар ин бора ҳарчи бештар суҳбат кунем.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *