Барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, ба охир мерасад. Дар Алмаато ва Душанбе шарикон ва баҳрабардорон натиҷаҳои лоиҳаро ҷамъбаст карданд. Озмуни MediaCAMP Award, MediaCAMP Fest, грантҳои истеҳсоли муҳтаво, тренингҳо ва Эдютон доир ба саводи расонаӣ – танҳо баъзе аз чорабиниҳои сершуморе мебошанд, ки лоиҳа бо онҳо дар минтақа машҳур аст. Барнома моҳи октябри соли 2018 оғоз шуда, 30 сентябри соли 2023 ба итмом мерасад.
Дар суханронии ифтитоҳии худ мудири намояндагии USAID дар Тоҷикистон Питер Райли гуфт: «USAID зиёда аз 30 сол аст, ки расонаҳоро дар Осиёи Марказӣ дастгирӣ мекунад. Ва ман хеле шодам, ки имрӯз бо шумо ҳастам: рӯзноманигорон ва афроде, ки дар расонаҳо кор мекунанд, ба дастрасии иттилоот, омода кардани муҳтаво ва озодии баён дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Шумо ва кори шумо барои ҷомеа муҳиманд».
Дар тӯли панҷ сол дар чаҳорчӯби MediaCAMP 3375 мутахассис омода карда шуд, 337 лоиҳаи истеҳсоли муҳтавои маҳаллӣ дастгирӣ гардид, шабакаи иборат аз 282 журналисти маданӣ таъсис дода шуд ва барои ВАО ва истеҳсолкунандагони муҳтаво 1404 машварати ҳуқуқӣ дода шуд. Барнома ба сокинони Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар фароҳам овардан ва истеъмоли фазои мутавозини иттилоотӣ, ки барои беҳбудии минтақа муҳим аст, кумак расонидааст. MediaCAMP лоиҳаҳои гуногуни таълимӣ ва эҷодӣ, аз ҷумла китобҳо доир ба саводи расонаӣ, мюзиклҳо, филмҳои мустанад, роҳандозии расонаҳои нави мустақил ва ғайраро дастгирӣ кардааст.
«Мо хеле хурсандем, ки дар чаҳорчӯби лоиҳаи MediaCAMP ва дар ҳамкорӣ бо шарикон тавонистем дар беҳтар намудани муҳити расонаии кишварамон саҳм гузорем», – гуфт Рухшона Наҷмиддинова, мудири кишварии Интернюс дар Тоҷикистон.
Ҳарчанд барномаи MediaCAMP Осиёи Марказӣба охир расида бошад ҳам, USAID ва Internews кори худро дар минтақа идома медиҳанд. Дастгирии ВАО-и мустақил ва муқобила бо маълумоти бардурӯғ яке аз ҳадафҳои аслии ин созмонҳо боқӣ мемонад. Навгониҳоро пайгирӣ кунед, то аз фурсатҳои ҷадид огоҳ шавед.
Барномаи MediaCAMP Осиёи Марказӣ аз ҷониби Ожонси ИМА доир ба рушди байналмиллалӣ (USAID) маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Интернюс амалӣ мешавад. Ин барнома ба рушди муҳити мутавозини иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ равона шудааст, ки ба боз будани ҷавонон ва калоонсолон барои табодули афкор, ақидаҳо ва нуқтаи назари гуногун ва ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандон ба ҳаёти ҷомеа мусоидат мекунад.