Муҳим! Мӯҳлати қабули дархостҳо то 8 июл тамдид карда шуд.
Расонаҳо барои мухотабон кор мекунанд, аммо эътирофи ҳамкорон ҳам аҳамияти кам надорад. Иштирок дар озмунҳои ҳирфаӣ боиси тавсеаи рақобат ва рӯйкардҳои нав ба касб мешавад ва дар ниҳоят сифати корҳои рӯзноманигориро баланд мебардорад.
Эҳтимолан, дар тӯли як соли охир шумо шояд бисёр мақолаҳои хуб навиштаед, репортажҳои ҷолиб ба навор гирифтаед ё таҳқиқоти муҳимро анҷом додаед. Бойгонии худро бардоред ва маводҳои худро мубодила кунед, то дар бораи онҳо дар тамоми Осиёи Марказӣ хабардор шаванд.
Мо, дастаи Internews, бо хушнудӣ қабули дархостҳоро барои иштирок дар чорумин озмуни минтақавӣ барои журналистон MediaCAMP Award 2022 оғоз мекунем.
Корҳоро ба озмун метавон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон пешниҳод кард. Ҳам ВАО-и мустақил ва ҳам давлатӣ метавонанд дар ин озмун иштирок намоянд. Чӣ аз редаксия ва чӣ аз номи худ – агар шумо муаллиф – эҷодкунандаи муҳтавои муҳими ҷамъиятӣ ё рӯзноманигор, суратгир ё видеограф, корманди штатӣ ё ғайриштатӣ бошед.
Маводҳо дар ҳама гуна шакл ва жанр (ба забонҳои русӣ ва миллӣ – қазоқӣ, қирғизӣ, тоҷикӣ, туркманӣ, ӯзбекӣ), ки дар расонаҳои мустақил ё давлатии яке аз кишварҳо дар давраи аз 1 июни соли 2021 то 31 майи соли 2022 нашр шудаанд, қабул карда мешаванд.
Аз мубодила кардани кори худ хиҷолат накашед! Шитоб накунед – беҳтарин мавод ва номинатсияи муносибро интихоб намоед. Аммо таъхир накунед – муҳлат барои қабули дархостҳо 8 июли соли 2022 аст.
Варақаҳои дархост дар он рӯз соати 23:59 ба вақти маҳаллӣ баста мешаванд.
Пеш аз пешниҳоди дархост, ҳатман шартҳои озмунро бодиққат омӯзед! Номинатсияро дуруст интихоб кунед. Агар шумо дар интихоб хато карда бошед, мо наметавонем дархостро на баррасӣ кунем ва на онро ба категорияи дигар гузаронем. Дар MediaCAMP Award қоидаҳои дигар низ вуҷуд доранд: масалан, дар он журналистҳои ВАО-и хориҷӣ наметавонанд иштирок кунанд. Кадом воситаҳои ахбори оммаро мо хориҷӣ ҳисоб мекунем? Ҳама ҷавобҳо дар истинод ҳастанд (истинод ба шартҳо).
*Ҷавобҳое, ки ба саволҳои тез-тез додашавандаанд, дар соли 2021 сабт шудаанд. Бахши «Мавзуъи сол» иваз шудааст.
Барои иштирок ба шумо лозим аст:
– бо шартҳо шинос шавед;
– маводро интихоб намоед;
– номинатсияро интихоб кунед;
– барои ҳар як кори ба озмун пешниҳодшуда дархости ҷудогона пур кунед (пайвандҳо барои ҳар як номинатсия дар поён оварда шудаанд);
– мактуберо имзо кунед ва замима намоед, ки ба истифодаи маводи шумо дар озмун иҷозат медиҳад. Бидуни ин мактуб, дархостро фиристодан мумкин нест. Қолибро метавонед аз ин ҷо боргирӣ кунед.
Номинатсияҳое, ки дар онҳо доварон ба корҳо (асарҳо) баҳо медиҳанд:
● «Замони дарк кардан» (додани дархост),
● «Замони бурд кардан» (додани дархост),
● «Замони эҷод кардан» (додани дархост),
● «Айёми ҷавонон» (додани дархост),
● «Мавзӯи сол. Замони нав» (додани дархост),
● «Замон аз намои наздик: акс, карикатура, тасвир» (додани дархост).
*Дастури видеоӣ соли 2021 сабт шудааст.
Шахсони ба финал баромадаи озмун ба MediaCAMP Fest даъват карда мешаванд, ки бори аввал дар ду сол дар моҳи сентябр ба шакли ЗИНДА баргузор мешавад.
Агар шумо фаҳмидан хоҳед, ки MediaCAMP Award соли гузашта чӣ гуна баргузор шуда буд, дар бораи ғолибон дар соли 2021 – ба ин ҷо, дар бораи ғолибони озмун дар соли 2020 – ба ин ҷо ворид шавед. Агар шумо бихоҳед, ки ягон чизро дақиқ кунед, ба Central-Asia-Applications@internews.org бинависед (ишора кунед ба мавзӯи «Савол ба озмуни MediaCAMP Award 2022») ё ба шумораи +77717013838 (Telegram, WhatsApp) тамос гиред.
Озмуни мазкур бо кӯмаки молии мардуми Амрико, Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ва дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews амалӣ мегардад, гузаронида шудааст. Internews барои муҳтавои ин мавод масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА-ро инъикос намояд.