Internews дар доираи Барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ (CAMP) дар асоси озмун барои дастгирии медиастартап барои аудиторияи ҷавонон дар Тоҷикистон бурсия ҷудо мекунад.
Мо итминон дорем: ҷовононе, ки зиндагиро бе интернет тасаввур намекунанд, маҳз ҳамон қисмати ҷомеаанд, ки нисбат ба иттилоот муносибати интиқодӣ доранд. Ва расонаро дар интернет барои ин қисмати ҷомеа бояд худи ҷавонон бисозанд, то тариқи чунин расонаҳо ҳамсолонашонро барои пешбурди ғояҳо ҷалб намоянд
Мо ба озмун ҷавонони то 30 солаеро даъват менамоем, ки лоиҳаҳои медиа-стартапҳои омода доранд, ки дар нимсоли охир сохта шудаанд. Ин метавонад веб-сомона, канал дар Telegram, YouTube, саҳифа ё гуруҳ дар Facebook ё аккаунт дар Instagram бошад. Лоиҳа ҳатман бояд барои ҷавонон бошад, бизнес-идеяи фаҳмо ва тиме дошта бошад, ки метавонад онро татбиқ кунад. Дархостҳое, ки аудиторияи зерҳадафашон занон ва намояндагони мухталифи гуруҳҳои осебпазиранд, афзалият хоҳанд дошт.
Лутфан, то 5 апрели с. 2019 шакли онлайнии дархостро пур кунед, ки ҳатман аз нишондодҳои зер иборат бошад:
- Пайванди (сылку ) лоиҳаатонро гузоред;
- Ғояи лоиҳаро тавсиф диҳед;
- Нақшаи корро (бизнес-план) тартиб диҳед,
- Стратегияи пешбурдии корро бинависед.
Интихоби ғолибон дар ду марҳила мегузарад. Муаллифони лоиҳаҳои қобили эътимод ва ҷалбкунандаи аудитория ба даври дуюм мегузаранд, ки он миёнаҳои моҳи апрели соли 2019 баргузор мешавад
Ғолибони озмунро доварони байанлмилалӣ дар натиҷаи муаррифии лоиҳаашон интихоб мекунанд. Меъёрҳои интихоб: аҳамияти лоиҳа, эътимоднокӣ ва устувории он, мавҷудияти тим ва таҷриба, мутобиқати аудитория зерҳадаф бо шартҳои озмун ва муаррифии хушсифат.
Internews ба ғолиби озмун бурсия дода, ҳамчунин бо мушовирони ҳирфаӣ дар бахшҳои журналистка, чандрасонаӣ ва тиҷорат таъмин мекунад. Таваҷҷуҳ кунед: барои гирифтани бурсия Шумо бояд ҳатман қайди расмӣ ба ҳайси соҳибкори инфиродӣ (СИ), иттиҳодияи эҷодӣ (ИЭ), Бунёди ҷамъияӣ ё дигар шакли шахси ҳуқуқӣ дошта бошед .
Internews дархостҳоро таҳрир ва тақриз намекунад. Дар зарурат, мо маълумоти иловагӣ талаб мекунем.
Агар саволе доред, лутфан ба суроғаи электронии TJ-info@internews.org. муроҷиат намоед. Ҷавобҳо якҷоя бо саволҳои матраҳшуда дар саҳифаҳои эълонҳои Internews нашр хоҳанд шуд.
Лоиҳаи мазкур дар доираи Барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ (CAMP) бо мусоидати Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мегардад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.