Internews барои тарҳрезӣ ва истеҳсоли лоиҳаҳои калонҳаҷми аудио-визуалӣ озмуни грантӣ эълон мекунад. Дар он намояндагони ВАО-и мустақил, гурӯҳҳои эҷодӣ ва продакшн студияҳо метавонанд ширкат кунанд.
Озмун дар доираи барномаи CAIIA баргузор мешавад ва муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост 15 декабри 2024 аст.
Ҳангоми пешниҳоди идея аҳамият диҳед, то чӣ андоза он ба стандартҳо ва меъёрҳое, ки Internews барои форматҳо, забон, платформаҳои пахш, буҷет ва давомнокии лоиҳаҳо муқаррар кардааст, ҷавобгӯст.
Мавзӯъҳо ва самтҳои афзалиятнок
Соли ҷорӣ се гуруҳи мавзӯъҳо авлавият доранд:
• Баробарии ҷинсӣ (масалан: бартараф кардани қолабҳои фикрӣ ва иттилооти нодуруст дар бораи ҷинсият, хушунати хонаводагӣ, дастрасӣ ба таҳсилот ва сармоя, иштироки занон дар сиёсат ва вазифаҳои муҳими давлатӣ ва ғайра);
• Худшиносӣ ва худидентификатсия (масалан: баррасии рӯйдодҳои муҳим/таърихӣ, муколама/ танишҳо дар ҷомеаи муосир оид ба суннатҳои миллӣ, муҳоҷират ва таъсири он ба зиндагӣ/ҷаҳонбинии мардум ва ғайра);
• Дезинформатсия дар соҳаи тиб (масалан: барҳам додани боварҳои нодуруст дар бораи зиндагии афроди дорои маъюбият/ВНМО, рафъи ақидаҳои беасос дар бораи тибби муосир/халқӣ ва ғайра).
Аммо агар шумо дар зеҳн мавзӯе доред, ки дар ин рӯйхат нест, вале барои ҷомеаи Тоҷикистон муҳиму саривақтист, ҳатман онро пешниҳод кунед.
Формат ва забони лоиҳа
Internews омода аст форматҳои зеринро дастгирӣ кунад:
- Лоиҳаҳои махсуси мултимедиявӣ, таҳлилӣ, дата-мавод, барнома ва гузоришҳои васеи онлайнӣ/телевизионӣ ва ғайра;
- Пажуҳише, ки бо иловаи матлабҳои журналистӣ пешниҳод мешавад;
- Филми мустанад. Лутфан аҳамият диҳед, ки имсол дар доираи озмун Internews танҳо идеяҳоеро қабул мекунад, ки аллакай марҳилаи аввали истеҳсолро гузаштаанд, яъне комилан тарҳрезӣ (development) шудаанд – идеяи филм мушаххас аст, мавзӯи он пурра таҳқиқ шудааст, консепсия ва синопсис дорад, қаҳрамонҳо интихоб шудаанд ва ғайра;
- Артлоиҳаҳое, ки дар консепсияашон барои пешбурди идеяи асосӣ истеҳсоли матлабҳои расонаӣ ҳам пешбинӣ шудаанд;
- Лоиҳаҳои махсус интерактивӣ ба монанди спектаклҳои таъомулӣ (дар рафти намоиш суҳбат/иртиботи ҳунарпеша бо тамошобинон дар назар дошта шудааст), веб-сериалҳо ва нигористони интерактивӣ ва ғайра.
Ба муаллифоне, ки матлабҳояшон комилан ё ҳадди ақал қисман бо забони тоҷикӣ омода мешаванд, ҳатман таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мегардад. Ин, албатта, маънои онро надорад, ки аз забони русӣ Internews ба пуррагӣ даст мекашад, аммо барои матлабҳои русизабон гузоштани субтитрҳо бо забони тоҷикӣ шарт ва муҳим аст.
Мо идеяи истеҳсоли лоиҳаҳои таълимӣ (дарсҳои онлайнӣ, вебинарҳо), роликҳои иҷтимоӣ, филмҳо ё сериалҳои бадеиро дастгирӣ намекунем. Ҳамчунин Internews лоиҳаҳоеро, ки ба сохтани замимаҳои онлайнӣ, вебсайтҳо, чат-ботҳо рабт доранд, қабул намекунад.
Давомнокии лоиҳа ва буҷет
Лоиҳа бояд то 7 моҳ идома кунад (то сентябри 2025) ва буҷет аз $15,000 то $30,000 бошад.
Маблағи дархостшаванда набояд хароҷоти хариди таҷҳизотро дар бар гирад. Он танҳо аз хароҷоте, ки бевосита ба истеҳсол ва тарғиби лоиҳа рабт дорад, бояд иборат бошад. Аъзои ҳакамон ҳатман ба мутобиқати нархи буҷаву бозор аҳамият медиҳад ва дар ҳолати зарурӣ Internews аз шумо бознигарии онро дархост мекунад.
Марҳилаҳои озмун
Озмун ҳамагӣ аз чор бахш иборат аст: пешниҳоди идея, интихоби техникӣ, питчинг (ҳимояи идея) ва бознигарии баъзе аз бахшҳои лоиҳа/омодасозии ҳуҷҷатҳо.
Хабари натиҷаҳои интихоби техникӣ то 20 декабр расонда мешавад. Ба питчинг, яъне ҳимояти идея дар назди ҳакамон, ғолибони даври аввал то 28 декабр даъват мешаванд. Номи ғолибони озмун дар нимаи аввали моҳи январи 2025 эълон мешавад.
ДАРХОСТҲО барои иштирок дар озмун то15 декабри 2024 (соати 23:59 ба вақти Душанбе) қабул мешаванд.
Барои маълумоти бештар метавонед ба суроғаи электронии mkiromova@internews.org мактуб фиристед.
Муҳим! Тими Internewsният дорд, як ҷаласаи иттилоотии онлайниро рӯзи 29 ноябр, соати 16:00 баргузор кунад, то шумо бевосита суолҳои доштаатонро ба мутахассисони ташкилот диҳед. Барои иштирок дар ин ҷаласа худро НОМНАВИС кунед.
Лоиҳаи “Дастгирии муҳити созгори иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ” (CAIIA) аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад ва онро Internews амалӣ мекунад. Ҳадафи CAIIA нигоҳдорӣ ва таҳкими ягонагии фазои иттилоотӣ дар ОМ ва баланд бардоштани устувории ҷомеа ба маълумоти бардурӯғ мебошад. USAID созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, ба пешравии устувор мусоидат мекунад. Барои маълумоти бештар ба саҳифаҳои зер ворид шавед: https://www.usaid.gov/central-asia-regional https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia