Шералӣ Давлатов, журналист ва блогерро дар фазои инстаграми тоҷикӣ ҳамчун “Шералӣ Куҳистонӣ” мешиносанд ва наздики бист ҳазор кас саҳифаи ӯро пайгирӣ мекунанд. Қиссаҳое, ки Шералӣ дар блогаш нақл мекунад, натанҳо ӯро миёни тоҷикистониён шинохта кардааст, инчунин зиндагии қаҳрамонҳояшро тағйир додааст.
Соле қабл зиндагии Шералӣ ба кулли дигаргун буд. Саҳифаҳои иҷтимоияш ҳам. Ҳарчанд ӯ ҳамчун рӯзноманигор фаъолият дошт, болои саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандон кор намекард. Ҳоло саҳифаи инстаграмии ин рӯзноманигор ва блогери тоҷик яке аз маъруфтарин блогҳо аз вилояти Хатлони Тоҷикистон аст. Бояд гуфт, Шералӣ яке аз ғолибони озмуни IdeaCAMP2023 -и лоиҳаи REVIVE-и Интернюс дар Тоҷикистон аст, ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалӣ гардида буд. Ӯ кори блоги худро маҳз бо ин лоиҳа шуруъ кард.
“Вақте ман барои сохтани блог дар Инстаграм кори худро бо лоиҳаи Интернюс шуруъ карда будам, танҳо 127 пайгир доштам. Ҳоло пас аз як сол наздики 20 000 пайгир дорам ва миллионҳо кас видеоҳои маро тамошо мекунанд” -мегӯяд Шералӣ.
Муҳтавои саҳифаи Шералӣ аз қиссаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва зиндагӣ дар деҳаҳои дурдасту куҳистонӣ, анъанаҳои ҳифзшуда дар он ҷо ва ғизоҳои милливу минтақаӣ иборат аст.
Ба гуфтаи Шералӣ, қиссаҳои ҷолиб ва қаҳрамонони барҷаста дар минтақаҳои дурдасти кишвар зиёданд, аммо он қиссаҳо ногуфта ва ношунида мемонанд. Чун рӯзноманигору блогнависон ба онҳо дастрасӣ надоранд. Ин журналист ва блогнависи тоҷик мегӯяд, пас аз пешбарии блоги худ, афроди зиёде аз вай “дархост” мекунанд, ки аз зиндагии онҳо низ ба корбарони интернет нақл кунад. Шералӣ чолиши аввали пешбарии блог ё тавлиди муҳтаворо доштани дастгирии молӣ меномад.
“Албатта қисса кардан хуб аст, аммо дастгирии молӣ ҳам барои сохтани муҳтаво қисмати хеле зарурӣ мебошад. Барои нишон додан ё нақли қиссаҳо маро мебояд, ки аз маҳалли зисти худ ба деҳаву ноҳияҳои ҳамсоя биравам. Аз ин рӯ, вақте озмуни грантии Интернюсро барои тавлидкунандагони муҳтаво дидам, хостам, ки он қиссаҳои ногуфтаро бигӯям. Дархост равон кардам ва яке аз чаҳор ғолиби ин озмуни грантии Интернюс шудам” – гуфт Шералӣ.
Вай аз иттилои пайгиронаш ва ҷустуҷӯйҳои худ рӯйхате сохта ва дар он қиссаҳои гуногуни занону мардоне ҷой дода буд, ки корҳои арзанда мекунанд, зиндагии худро пеш мебаранду бо он корашон барои беҳбудии ҷомеа ва маҳалли зисти худ саҳм мегузоранд, вале бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ ҳастанд. Шералӣ рӯйхати худро ба лоиҳаи расонаие табдил дод ва онро ба озмуни грантие фиристод, ки Интернюс дар Тоҷикистон эълон карда буд.
“Зеро асоси блоги ман дар доираи як лоиҳаи дигари Интернюс гузошта шуда буд”, – ёдовар мешавад Шералӣ.
Дар доираи ин озмуни грантии Интернюс Шералӣ вазифадор аст, ки 8 муҳтаво ё қисса-наворҳо аз деҳоти ноҳияи Темурмалик тавлид ва нашр кунад. То ҳол ду навори ӯ омода ва нашр шудааст, ки то 200 000 тамошо ҳосил кардаанд.
Қиссаи аввали Шералӣ дар бораи Эмомалӣ – як табақсози тоҷик буд, ки наздики сад ҳазор тамошо касб кард. Баъди нашри навор, харидорони ин табақтарош зиёд шуданд ва худи табақсоз дар ноҳия ва берун аз он шинохта шуд. Шералӣ мегӯяд, пас аз чанд рӯзи нашри навор ин табақтарош ба ӯ занг зада, гуфтааст, тамоми табақҳояш фурӯхта ва то чанд моҳи оянда супориш гирифтааст. Баъд аз нашри ин қисса дар саҳифаи Шералӣ расонаҳои дигар ба табақтарош муроҷиат ва аз кору зиндагии вай гузориш кардаанд.
Шералӣ ба ин бовар аст, ки мавзуъ ва самти блог дар фазои блогнависии кишвар муҳим буда, муҳтавои ватанӣ ва забони тоҷикӣ дар фазо намерасад. Вай мегӯяд, ҳар қиссае, ки нақл мекунад, аз тарафи пайгиронаш вокуниш мегирад ва онҳоро барои коре ангеза медиҳад. Чанде пеш дар бораи ҳашаре дар деҳаашон нақл карда буд, ки сокинон дастаҷамъона мактаб месохтанд. Баъдан директ (ҷойи паёмҳои шахсии инстаграм)-и саҳифаи Шералӣ пур аз паёму наворҳои гуногун шуданд.
“Ба ман паёму ҳатто наворҳоеро пайгиронам равон карданд, ки чигуна бо ҳамдеҳагонашон ба ҳам омада, маблағ ҷамъ карда, мактаберо тариқи ҳашари дастаҷамъона месозанд ва ба якдигар кумак мерасонанд. Ман хеле хушҳол шудам. Зеро паёми ман аз ин кор гуфтану чизеро тағйир додан аст”, – мегӯяд Шералӣ.
Акнун Шералӣ дар пайи омода кардани наворҳои баъдӣ аст. Шералӣ дар баробари пеш бурдани блоги худ, ҳамзамон дар нашрияи маҳаллии ноҳияашон фаъолият мекунад ва хатмкардаи факултаи рӯзноманигорӣ аст. Вай мегӯяд, донишҳои рӯзноманигорӣ таҳкурсии қавӣ барои пеш бурдани блог шудааст.
“Ростӣ, ман ҳеч боре бо хейт ё шарҳҳои бад рӯ ба рӯ нашудаам. Шояд аз ҳисоби риояи этикаи рӯзноманигорӣ бошад. Донишҳои рӯзноманигориам: суҳбат бо қаҳрамон, омода кардани ӯ ба мусоҳиба бароям хеле кумак мекунанд. Зеро мардуми деҳа навору мусоҳиба доданро чандон дӯст намедорад. Метарсанд, ки дар фазои маҷозӣ масхара мешаванду дар деҳа овоза. Борҳо шудааст, ки аз мусоҳиба даст мекашанд ё умуман намегузоранд, ки ман наворбардорӣ кунам”,-аз мушкилоташ мегӯяд Шералӣ.
Дар ин ҳолат ӯ ба қаҳрамони навбатӣ саҳифааш ва дигар наворҳову шарҳҳоро нишон медиҳад, ки касе чизи баде наменависад. Мефаҳмонад, ки чигуна зиндагии одамон баъди нашри қиссаҳояш тағйир меёбанд.