Internews бо кумаки Сафорати Олмон дар Тоҷикистон тарҳи “Women Make News” (WoMeN)-ро роҳандозӣ мекунад. Тарҳ аз силсилаи фаъолиятҳое иборат аст, ки ба рушди рӯзноманигории ҳассос ба ҷинсият дар Тоҷикистон равона шудаанд. Ҳадафи асосии тарҳ – аз ҳимоят аз расонаҳои мустақил дар амри афзудани иштирок, муаррифӣ ва ҳифзи занон дар хабарҳо иборат аст.
-Ҳуқуқи занон – ин шохиси вазъи ҷомеа аст. Ниҳоят муҳим аст, ки занон ба иштирок дар гуфтумонҳо ва гуфтугуҳои ҷамъиятӣ ҷалб шаванд ва ба ин тариқ садои онон шунида шавад. Ҳимоят аз нақш ва мавқеи занон дар расонаҳои Тоҷикистон ба гуфтугӯи созандатаре мерасонад, ки он дар хабару гузоришҳо инъикос хоҳад шуд, – гуфт сафири фавқулода ва мухтори Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шуграф.
Рухшона Наҷмиддинова, мудири Internews дар Тоҷикистон гуфт, масъалаи инъикоси баробарии ҷинсӣ ҳамоно ҳам доғ аст.
-Мутаассифона, ин масоил дар бештари маврид қатъиян ҳамчун мушкили занон дониста мешаванд, дар ҳоле ки масоили бузургтари дигари иҷтимоиву иқтисодӣ, ки мустақим ба баробарии ҷинсӣ рабт доранд, нодида гирифта мешаванд, – гуфт Рухшона Наҷмиддинова, мудири Internews дар Тоҷикистон.
Вай бар ин назар аст, ки ба баробарии ҷинсӣ бояд аз чанд ҷанбаъ нигоҳ кард.
-Барои мисол, аз ҷанбаи иқтисодӣ. Ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, танҳо 31% занони қобили меҳнат ба коре машғул ҳастанд, ки аз он музд мегиранд, яъне зарфияти бузурги иқтисодӣ танҳо ба далели нобаробарии ҷинсӣ мавриди истифода қарор намегирад. Тавассути ин тарҳ мо мехостем, ташаббусҳоеро дастгирӣ кунем, ки ба муҳимияти дарк ва инъикоси баробарии ҷинсӣ барои рушди умумии кишвар равона шудаанд, – шаҳр дод Р. Наҷмиддинова.
Тарҳи мазкур аз корҳои муштараки расонаҳои маҳаллӣ ва коршиносони бахши масоили ҷинсӣ барои коркарди усулҳо ва рӯйкардҳое ҳимоят мекунад, ки ин усулҳову равишҳо ба муаррифӣ ва ҷалби бештари занон дар хабару гузоришҳо мусоидат кунанд. Ҷалби бештари занон ҳамчун эҷодкунандаи муҳтаво, аз ҷумла дар таҳияи хабарҳо, инчунин ба ҳайси коршинос дар масоили муҳиме, ки расонаҳо инъикос мекунанд, мадди назар аст. Ба илова, тарҳ ба афзоиши мухотабони расонаҳои маҳаллӣ аз ҳисоби занон ва минбар додан ба занон аз гуруҳҳои осебпазир равона шудааст.
Чорабиниҳое, ки дар ҷараёни амалисозии тарҳ роҳандозӣ хоҳанд шуд, аз инҳо иборатанд:
- Мулоқотҳо байни мутахассисони расонаҳо ва коршиносони масоили ҷинсӣ, ташкили гуруҳҳои корӣ;
- Додани грантҳо ва кумаки техникӣ ба рӯзноманигорон ва истеҳсолкунандагони муҳтаво;
- Расонидани кумаки равонӣ барои занон аз бахши расонаҳо;
- Мутобиқсозии абзорҳо барои таҳлили мухотабони расонаҳои маҳаллӣ бо ҳадафи афзудани ҳиссаи занон.
Тарҳи WoMeN аз моҳи июл то охири декабри соли 2024 амалӣ мешавад. Буҷаи умумии тарҳ аз 150 ҳазор евро иборат аст.