Ҳакамони мустақил тимҳоеро муайян кард, ки барои истеҳсоли муҳтавои расонаии минтақаӣ аз Internews грант дарёфт мекунанд.
Аз чаҳор тиме, ки дар марҳилаи пешин аз сӯи ҳакамони мустақил интихоб шуда ва дар MediaLab-и серӯза дар Душанбе иштирок карда буданд, тимҳои зерин ғолиб эълон гардиданд:
- Тими Олга Горай (Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон). Силсилаи матолиб дар бораи он ки тарғибот ба сокинони Осиёи Марказӣ чӣ гуна таъсир мерасонад.
- Тими Владислав Ушаков (Қазоқистон, Қирғизистон). Филми ҳуҷҷатии “Одамони дарё”, ки ба мушкилии ифлосшавии об бахшида шудааст.
Ҳакамони мустақил тарҳҳои ин тимҳоро беҳтарин эътироф карданд ва акнун тимҳои мазкур аз $20 то $40 ҳазор дарёфт ва тарҳҳои расонаии байникишварии худро дар муддати 6-9 моҳ амалӣ мекунанд.
Озмуни грантӣ барои истеҳсоли тарҳҳои байникишварӣ 20 март эълон шуда буд. Барои иштирок дар озмун тимҳои байникишварии намояндагони ВАО, муаллифони мустақил ва истеҳсолгарони муҳтаво аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон даъват шуда буданд.
Ибтидо ба озмун 54 дархост ворид гардида буд. Баъди интихоби техникии дохилӣ, 30 тим дар тренингҳои онлайнии коршиносони байналхалқӣ иштирок карданд. Баъди тренингҳо 25 тим намунаҳои тарҳҳои расонаии худро коркард карданд. Ҳайати доварони мустақил ҳамаи 25 дархости коркардшударо баррасӣ ва ба тимҳо барои беҳсозии тарҳҳо машварат доданд. Дар фарҷоми баррасиҳо ҳайати ҳакамон чаҳор тимро беҳтарин эътироф кард.
Тимҳои интихобшуда дар Озмоишгоҳ дар Душанбе иштирок карданд ва давоми се рӯз ҳамроҳ бо коршиносони байналхалқӣ ва мураббиҳо намунаҳои тарҳҳои расонаии худро коркард ва такмил доданд. Озмоишгоҳи расонаӣ ҳамаи марҳилаҳои таҳияи маводи расонаиро фаро гирифта буд: аз ҷамъоварии иттилоъ то бандубасту нашру пахши он. Баъди иштирок дар Озмоишгоҳ, тимҳо имкон доштанд, ки дар асоси донишҳои аз коршиносон ва мураббиҳо дарёфтаашон тарҳҳои худро такмил диҳанд.
Озмоишгоҳи минтақаӣ қисми тарҳи “Дастгирии муҳити созгори иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ” (CAIIA) ба ҳисоб меравад ва аз сӯи USAID сармоягузорӣ ва аз ҷониби Internews амалӣ карда мешавад.