Шералӣ Давлатов яке аз хабарнигороне аст, ки дар вилояти Хатлони Тоҷикистон зиндагӣ ва фаъолият мекунад. Шералӣ вақте ба лагери IdeaCamp2023, ки мақсади баргузориаш сохтани муҳтавои санҷидашуда ва саҳеҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ буд, роҳ ёфт. Он вақт дар шабакаи иҷтимоии Instagram ӯро 120 кас пайгирӣ мекарданд. Пас аз ғолибият дар лагер, кор бо менторон ва амалисозии лоиҳаи худ, сафи пайгиронаш ба 4000 нафар расиданд, ки рӯз аз рӯз бештар мешаванд. Айни замон наворҳои Шералӣ дар сегменти тоҷикии Инстаграм сербинандатаринанд: аз ҳама бештар 1.1 миллион тамошо. Ва ҳамакнун моҳона саҳифаи Шералӣ 2 миллион ҷалб мегирад.
Лагери панҷрӯзаи ҷавонони IdeaCamp2023 моҳи майи соли 2023 дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) доир шуд, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Internews амалӣ мегардад. Дар ҷараёни ин лагер ширкаткунандагонро мебоист, ки саводи расонаии худро қавитар созанд ва идеяи лоиҳаи худро дар ин самт омода кунанд. Аз миёни ширкаткаткунандагон 4 лоиҳаи қавитарин интихоб шуд, ки яке аз ин лоиҳаҳо аз Шералӣ Давлатов буд.
Дар доираи ин лагер ҷаласаҳо доир ба гендер, SMM, саводи расонаӣ, этика гузаронида шуданд ва инчунин ширкаткунандагон бо касоне вохӯрданд, ки аллакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ блогҳои муваффақи худро доранд. Самти блоги худро муайян кардан – ин яке аз аввалин вазифаҳои иштирокчиёни IdeaCamp2023 буд.
Ин хабарнигори ҷавони тоҷик дар ноҳияи Темурмалик зиндагӣ мекунад, ки тақрибан 150 км дуртар аз маркази Тоҷикистон шаҳри Душанбе аст. Ҳангоми фаъолияти худ бо зиёд касоне дучор омада буд, ки фирефтаи хабари дурӯғ дар шабакаи Интернет, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ шуда ва бо нохушиҳо дучор омада буданд. Шералӣ имконияти нақли ҳамаи ин қиссаҳоро дар расонаҳо надошт ва мехост лоиҳаи алоҳидаеро дар ин самт омода кунад. Ва тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳоди аудитория кунад. Ғолибият дар лагери IdeaCamp2023 ин имкониятро барояш муҳайё сохт.
-Дар Интернет, умуман дар шабакаҳои иҷтимоӣ қаллобон хеле зиёд шудаанд ва кӯшиш мекунанд, ки истифодабарандагонро фиреб карда, маблағашонро ба даст оранд. Ин гуна ҳолатҳо дар деҳаи мо ҳам ба амал омодааст. Аз ин рӯ, ҳоло донандаи хуби саводи расонаӣ буданд, барои тамоми қишри ҷомеа муҳим аст. Ширкат дар ин лоиҳа ба ман имконият дод, ки қиссаҳои чунин фиребшудагонро ба дигарон низ нақл кунам ва барои рушди саводи расонаӣ дар минтақаи зисти худ саҳмгузор бошам, – мегӯяд Шералӣ Давлатов.
Лоиҳаи Шералӣ дар бораи ҳамдеҳагонаш буд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо қаллобони интернетӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Яке аз қиссаҳои лоиҳаи ӯ дар бораи Саидшоҳ Наимов буд. Саидшоҳ деҳқон аст ва ҳамзамон аз кори худ дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ муҳтаво истеҳсол мекунад. Саидшоҳ мехост, ки аз кишвари дигар онлайн компютер харидорӣ кунад ва қариб буд, ки ба доми қаллобони интернетӣ гирифтор мешуд.
-Вақте барои ширкат ба лагери IdeaCamp2023 омадам, умуман аз донишҳои наворбардорӣ ва пешбурди муҳтаво дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар надоштам. Ҳангоми ширкат донишҳоям зиёдтар мешуданд ва шавқи омодаи муҳтаво ҳам дар ман зам мешуд. Асосан, имконияти кор бо менторони пуртаҷриба – мисол, ментори мобилография. Ментор ба минтақаи мо омад ва яке аз наворҳоямонро якҷоя кор кардем. Таҷрибаи хеле муфид буд бароям, ки лагери IdeaCamp2023 фароҳам овард, – гуфт Давлатов.
Ин хабарнигор, ки дар минтақаи кӯҳистони кишвар зиндагӣ мекард, орзу дошт, ки муҳтаво дар барорбари маводҳои саводи расонаӣ, ҳамзамон қиссаҳои ҷолибу таърихӣ ва табиати зебои минтақаи зисташро ба мухотабон нишон диҳад. Аммо дар ҳамкорӣ бо расонаҳо наҳамавақт чунин имконият буд. Шералӣ мегӯяд, ки дар доираи лагери ҷавонони IdeaCAMP2023 ғайр аз муҳтавои самти саводи расонаӣ инчунин дигар қиссаҳои ҷолибро дар саҳифааш ҷой медиҳад. Номи саҳифааш, ки “Шералии кӯҳистонӣ” ном дорад, дар ҷараёни шуруъи кор дар лагер иваз карда шуда буд, ки аллакай ба як бренд шахсиаш табдил ёфтааст ва ӯро бо ҳамин гуна ном феълан мешиносанд.
– Ҳангоми амалишавии лоиҳа мушкилие, ки рӯ ба рӯ шуда будам ин кор бо қаҳрамонҳоям буд. Аввал розӣ шуда ва рӯзи наворбардорӣ метавонистанд, ки рад кунанд. Боз кор аз ҷустуҷӯйи қаҳрамони нав шуруъ мешуд. Аммо аз натиҷаҳое, ки ба даст овардам, хеле қаноатманд ва хушҳолам ҳастам. Ҳоло маро дар кӯчаҳои ноҳия ва шаҳри Душанбе одамон мешиносанд. Меоянд ва ташаккурӣ аз наворҳоям мекунам. Ин аз ҳама дастоварди муҳими ман аст, – қайд мекунад Шералӣ.
Лагери панҷрӯзаи ҷавонони IdeaCamp2023 дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) доир шуд, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Internews амалӣ мегардад.