Мутаассифона имрӯз на ҳар як расонаи Тоҷикистон имкон дорад, ки ҳодисоти дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон рух медодагиро инъикос намояд ва ба ин далел ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бисёр мавридҳо аз зиндагӣ ва мушкилоти аҳолии ин минтақаҳо бехабар мемонад. Барои рафъи ин камбудӣ Интернюс дар Тоҷикистон лоиҳаи “Рӯзноманигори шаҳрвандӣ” – ро роҳандозӣ кард ва ба ин васила ба расонаҳои Тоҷикистон дар барпо намудани шабакаи хабарнигорон дар минтақаҳои дурдаст кумак намуд.
Яке аз расонаҳое, ки ин лоиҳаро дар Тоҷикистон амалӣ мегардонад, “Азия Плюс” мебошад. Дар оғози соли 2023 “Азия Плюс” яке аз расонаҳои ғолиби лоиҳаи “Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ” шуда, иҷрои онро аз ҷалби ҳавасмандон шурӯъ кард. Барои иштирок дар ин лоиҳа зиёда аз 70 нафар намояндагони касбу кори гуногун аз минтақаҳои мухталиф дархост фиристода, изҳори касби донишу малакаҳои рӯзноманигорӣ карданд. Баъд аз чанд марҳилаи интихоб, аз миёни довталабон 8 нафари беҳтарин интихоб гардид.
Дар ибтидо ба воситаи машғулиятҳои фосилавӣ (онлайн) ба интихобшудагон донишу малакаҳои бунёдии рӯзноманигориро доданд. Баъд аз омӯзиш, иштироккунандагони машғулиятҳо ба таҷрибаи амалӣ пардохта, аз минтақаҳои дурдаст хабару қиссаҳои ҷолиб мефиристоданд. Маҳз бо кумаки хабарнигорони омӯзондааш “Азия-Плюс” тавонист аввалин шуда аз минтақаҳои дурдаст хабарҳои муҳиму фавриро, аз қабили тармафароӣ дар ВМКБ, ноамнӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ҳодисаҳо дар шаҳри Кӯлоб гузориш диҳад.
Ҷасур Абдуллоев, ҳамоҳангсози лоиҳаи рӯзноманигорони шаҳрвандии “Азия-Плюс” мегӯяд, ки ин лоиҳа якчанд рӯзноманигорони шаҳрвандиеро омода кард, ки дар фурсатҳои бӯҳронӣ кори расонаро пеш бурданд ва то ҳол ҳамкории худро идома медиҳанд.
– Барои ҷалби корманд аз минтақаҳо расона аввал бояд буҷа дошта бошад, дуюм нафареро пайдо кунад, ки донишу малакаи рӯзноманигорӣ дорад. Барои ҳалли ин мушкилот, роҳандозии лоиҳаи мазкур бамаврид буд. Мо имкониятидастрасӣ ба иттилооти минтақаҳои дурдасти кишварро пайдо кардем – қайд мекунад Ҷасур Абдуллоев.
Ба гуфтаи ӯ, моҳи феврали соли ҷорӣ ки дар Хоруғ, Ванҷ ва Ишкошим тармафароӣ шуд, расонаи “Азия-Плюс” дар ин минтақаҳои хабарнигоре надошт. Ва дар ин ҳолат, яке аз расонаҳои серхонандатарини тоҷикро рӯзноманигорони шаҳрвандӣ дастгирӣ карданд.
– Мо дар ВМКБ ду рӯзноманигори шаҳрвандӣ доштем, ки аз тармафароӣ маълумоти заруриро ба мо расониданд: аксҳо, наворҳо ё назари ниҳодҳои маҳаллӣ. Мо аз онҳо хоҳиш кардем, ки то қадри имконияташон ин мавзуъро пайгирӣ кунанд. Бо ин роҳ, мо дар фазои иттилоотии кишвар яке аз аввалин расонаҳое будем, ки гузориши тоза дода, ин ҳодисаро саривақт инъикос намудем.
Ҳамзамон Ҷасур воқеаҳои шаҳри Кӯлобро дар ёд меорад ва боз ҳам аз дастгирии рӯзноманигорони шаҳрвандӣ дар ин минтақа ёдовар мешавад. Аз ноамниҳои марзӣ дар Исфара сухан ронда, қайд мекунад, ки ин рӯзноманигорон шояд аз ҷиҳати касбӣ он қадар қавӣ набуданд, аммо маълумотҳои аввалияе, ки онҳо мефиристоданд барои хонандаи расона зарур буд. Дар он ҳолат дастрасӣ ба иттилоот ва фаврияти он муҳим буд.
Иҷрои лоиҳаи “Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ” аз 3 марҳила иборат буд. Дар навбати аввал ҷалб намудани ҳавасмандон. Пас аз пахш намудани эълон, зиёда аз 70 кас дархост ирсол карданд. Дар марҳилаи дувум интихоби ширкаткунандагон. Он аз 3 қисм иборат буд: тафтиши маълумотҳои пешниҳодшуда аз тарафи довталабон, суҳбатҳои алоҳида бо ҳар яки аз онҳо ва корҳои амалӣ. Ба даври дуюм 20 кас роҳ ёфтанд, ки дар ниҳоят аз онҳо 8 нафар интихоб шуданд. Дар марҳилаи сеюм, пас аз интихоб шудани ширкаткунандагон, дарсҳои онлайнӣ барои онҳо шуруъ шуд.
Ҷасур Абдуллоев мегӯяд, ки даҳ дарси онлайнӣ ба донишҳои бунёдии журналистика бахшида шуда буд. Барои мисол, чӣ гуна омода кардани хабар, аксбардорӣ, наворгирӣ бо телефони мобилӣ ва ғайра.
-Мисол, миёни ширкаткунандагон як нафар мураббии варзишии самти муҳорибаҳои омехта аз шаҳри Исфара ҳам буд, ки мехост рӯзноманигор шуда, кор кунад. Хоҳиш ва истеъдод дошт. Вале ин ҳама боз ба сайқалу коркард ниёз доранд. Барои ин мо аз “алифбои журналистика” шуруъ кардем гӯем ҳам мешавад, – гуфт Абдуллоев.
Дар баробари ин миёни онҳо нафароне ҳам пайдо мешуданд, ки аз рӯзноманигорӣ бохабар буда, таҷриба ҳам доштанд. Яке аз чунин ширкаткунандагон Мубораки Қосим буд. Муборак аз шаҳри Кӯлоб аст ва таҷрибаи зиёда аз 4 соли кориро дар расонаҳои мухталифи Тоҷикистон дорад. Ӯ қайд мекунад, ки ҳарчанд дар ин самт таҷриба дошт, вале боз ҳам донишҳоеро аз ин лоиҳа гирифт, ки барояш нав ва муҳим буданд.
– Ин лоиҳа барои ман дар аввал як таҷриба ва омӯзиши муҳим дар соҳаи журналистикаи касбӣ буд. Ман аввалин бор дар 5 соли кори хабарнигориам дар доираи ин лоиҳа фоторепортаж омода кардам. Ин маводро дар фаъолияти касбиям аз ҳама муҳим мешуморам. Зеро ин матлаб аз ман фурсату қувваи зиёдро гирифт, вале аз натиҷааш розӣ ҳастам, – гуфт Муборак.
Муборак яке аз он рӯзноманигорони шаҳрвандие ҳаст, ки то ҳол бо “Азия-Плюс” ҳамкорӣ карда, хабарҳои мубрамро аз шаҳри Кӯлоб гузориш медиҳад. Ҷасур Абдуллоев ӯро яке аз бозёфти муҳими ин лоиҳа мешуморад.
Феълан бо расонаи “Азия-Плюс” аз 8 ширкаткунанда, 2 – 3 кас фаъолона ҳамкорӣ доранд. Инро Ҷасур Абдуллоев ҳамоҳангсози лоиҳа дастоварди хеле хуб медонад.
-Мо ба ҳадафамон расидем, гарчанде ин 8 нафарро натавонистем ҳамагиро ба кор ҷалб кунем. Аз миёни онҳо 2-3 нафар то ҳол бо мо фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Мо боварӣ дорем, ки онҳо бо ҳамкории дарозмуддат мемонанд. Ва агар 1 нафар ҳам бо мо мемонд ва кор мекард, ин хушбахтӣ буд. Барои он, ки хеле душвор аст. Айни замон кор дар фазои расонаӣ барои рӯзноманигорони касбӣ мушкилиҳои зиёдро ба миён меорад ва ҳатто онҳо кор карда натавониста истодаанд.
Дигар расонаи кишвар, аз шимоли Тоҷикистон – “Суғднюс” давоми чор сол лоиҳаи “Рӯзноманигорони шахрвандӣ”-ро бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон амалӣ кард. Алишер Толиб, сармуҳаррири ин расона ва ҳамоҳангсози лоиҳа мегӯяд, ки дар ин муддат 15 нафар сокинони касбу кори гуногун аз вилояти Суғд, хабару мақолаву гузориш омода карда, дар сомонаи оҷонсӣ ба нашр расониданд.
– Лоиҳа боис шуд, ки имрӯз чанд аз нафар аз рӯзноманигорони шаҳрвандӣ дар ин соҳа фаъолияти худро идома диҳанд. Файзуллохон Обидов, сокини маҳаллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Ба туфайли ин лоиҳа аз нозукиҳои касби рӯзноманигорӣ бархурдор гардид. Пас аз анҷоми лоиҳа ҳоло дар нашрияи вилоятии “Хақикати Суғд” ба ҳайси хабарнигор фаъолият дорад ва муаллифи матолиби ҳамешагии расонаҳои онлайнӣ, аз қабили Your.tj, Halva.tj, Jom.tj мебошад.
Бояд қайд кард, ки Файзуллохон Обидов ҳамзамон ҷоизадори озмуни осиёимарказии рӯзноманигорон – MediaCAMPAward мебошад.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.