Бо ибтикори Интернюс дар Тоҷикистон соли чорум аст, маҳфили расонаии бонувони рӯзноманигори тоҷик баргузор мешавад. Соли равон ҳам, бонувони рӯзноманигор дар шакли онлайн ҷамъ омаданд. Коршиносони расонаӣ, хабарнигорони ВАО ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ перомуни мушкилоту дастовардҳо дар самти ҳамраъйии касбии бонувони хабарнигори тоҷик суҳбат оростанд.
Қисмҳои муҳими гуфтаҳои иштирокчиёнро ин ҷо ҷамъ овардем:
Ҳуриннисо Ализода, Роҳбари Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон гуфт, ки ҳангоми изҳори баёния зиёд рӯзноманигорон ҳастанд, ки имзо ё розигии худро намедиҳанд. Ё дар аввал розӣ мешаванд ва баъдан аз қавли худ бармегарданд. Ин ҳам нишон медиҳад, ки ҳамраъйии касбӣ миёни мо коста шуда истодааст. Инчунин риояи Меъёрҳои ахлоқии журналистиро барои нигоҳ доштани ҳамбастагии касбии бонувони хабарнигори тоҷик кори муҳим донист.
–Моддаи 9-и Меъёрҳои ахлоқии журналистӣ куллан ба мавзӯи “Ҳамраъйии касбӣ” бахшида мешавад ва ин модда аз 6 банди дигар ҳам иборат аст. Ин бандҳоро мехоҳам қисм ба қисм такрор бикунам. Вақти он расидааст, ки ин бандҳоро борҳо такрор ва дар баробари ин ҳатман риоя бикунем.
Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси расонаӣ дар ТҶ Хома аз рақобати байни хабарнигорони тоҷик изҳори нигаронӣ кард. Асосан он ҳолатҳое, ки як ҳамкасб бар зидди ҳамкасби дигари худ мақолаҳои танқидӣ менависад ва ё ба ҳаёти шахсии ӯ дахолат мекунад.
Дилрабо Самадова, дигар ҳомии ҳуқуқ, ки дар маҳфили расонаии бонувон ширкат дошт, қайд кард, ки ҳама намуди рақобат бояд солим бошад.
-Рақобат, албатта дар ҳама касбу кор низ ҳаст ва ин чизи хуб аст. Мисол, миёни мо ҳомиёни ҳуқуқ ҳам ин чиз ҳаст. Зеро рақобати солим корро пеш мебарад. Вале нуктаи муҳим ин аст, ки ҳатто дар рақобати солим бо ҳамкасби худ ҳам, арзишҳои касбиро бояд дар ҷойи аввал гузошт.
Фирӯза Мирҷумаева, роҳбари телевизиони “Диёр”-и вилояти Суғд ва Фарзона Ходибоева, бонуи хабарнигор аз вилояти Суғд, ки ҳарду дар Иттиҳодияи бонувони хабарнигори ташаббускори “Садоқат” қарор доранд, аз ташкили ин иттиҳодия ва муҳимияти он дар самти ҳамраъйии касбӣ дар вилояти Суғд нақл карданд.
-Дар вилояти Суғд, мо бонувони хабарнигор якдигарро танҳо дар вақтҳои корӣ, наворбардории ягон мавзуъ, нишастҳои матбуотӣ медидем. Ҳама бо кори худ машғул будем ва фурсат намешуд, ки бо ҳам суҳбат кунем, аз дарди ҳамкасбони худ бохабар бошем. Пас аз таъсиси ин Иттиҳодия маълум шуд, ки мо метавонем бо ҳамкасбони худ наздиктар бошем. Ин ҳам ҳамбастагии моро дар ҷараёни фаъолият зиёд кард, афзуд Фирӯза Мирҷумаева.
Фарзона Ходибоева, дигар бонуи хабарнигори вилояти Суғд дар бораи дигар қисмати дастоварди ин Иттиҳодия нақл кард.
-Соли 2019 вақте бори аввал ин Иттиҳодия ба кор шурӯъ кард, сафи бонувони хабарнигори узвиятдошта 10 касро ташкил медод. Ҳоло бошад, зиёда аз 30 бонуи рӯзноманигор ба ин Иттиҳодия аъзо ҳастанд, ки ин ҳам як нишонаи ҳамраъйии касбии бонувони рӯзноманигори вилоятро нишон медиҳад.
Моҳира Сафарзода, Раиси Шӯрои бонувони факултети журналистикаи ДМТ аз мушкилии зиёде аз донишҷӯдухтарони факултет гуфт, ки пас аз хатм ба журналистикаи касбӣ намераванд.
–Аз 60 то 80 дарсад хатмкунандагони факултети журналистикаи ДМТ–ро духтарон ташкил мекунанд. Вале аз фазои ҳозираи ВАО-и кишвар дида мешавад, ки сафи хеле ва хеле ками онҳо дар журналистикаи касбӣ мераванд. Мо дарсҳои амалӣ дорем ва аз курси аввал ҳамаи донишҷӯёнро ба таҷрибаи корӣ ба расонаҳо равон мекунем. Вале ё шояд таваҷҷуҳ, басти корӣ намерасад, ки онҳо ба таври касбӣ дар ин самт намемонанд. Дигар, қисми оилавии онҳоро низ фаромӯш бояд накард.
Маҳпора Киромова, коршиноси Интернюс дар Тоҷикистон ва бонуи хабарнигор қайд кард, ки нишон додани ҳамраъйии касбӣ танҳо изҳорот, навиштани баёния ё посту дигар чизҳо нест.
-Мисолҳои хуби нишон додани ҳамраъйии касбиро мо метавонем аз кишварҳои дигар бубинем. Мисол, дасти ёрӣ дароз кардан, дастгирӣ кардани ҳамкасби худ дар ҳолате аст, ки ба ӯ фишор оварда мешавад.
Муфассал ин вохӯриро дар саҳифаи ютуби Интернюс дар Тоҷикистон дида метавонед. Линки вохӯри дар ин ҷо:
Маҳфили расонаии бонувони рӯзноманигори тоҷик бори чорум аст, ки дар доираи лоиҳаи осиёимарказии расонаии MediaCAMP доир мешавад. Ҳамзамон ин маҳфил дар сатҳи минтақавӣ низ доир мегардад.
Дар ин маҳфил занони хабарнигори тоҷик ва Осиёи Маоказӣ аз мушкилот ва дастовардҳои худ сӯҳбатҳо мегузаронанд. Маҳфили духтарони расонаии Internews чист ва онҳо чӣ гуна мегузаранд, метавонед дар инҷо бубинед.
Лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии Агентии ИМА доир ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ карда мешавад.