Internews аз муҳаррирони ВАО, мудирони шӯъбаҳо ва мутахассисони ВАО даъват менамояд, ки дар омӯзиш (тренинг) оид ба кор ва пешбарӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ иштирок намоянд. Барои хоҳишмандон аз Қазоқистон ва Тоҷикистон тренинги пуршиддати панҷрӯза пешбинӣ шудааст.
Мо ба шумо дар бораи воситаҳои асосии пешбарӣ дар Интернет нақл намуда, ба шумо дар интихоб байни рекламаи контекстӣ ва ҳузур дар шабакаҳои иҷтимоӣ кӯмак хоҳем кард. Мо ҳамаи маҳоратҳоро дар амал бо истифода аз намунаҳои мушаххаси расонаҳои ширкаткунанда коркард хоҳем кард.
Шумо дар ин тренинги пуршиддат хоҳед фаҳмид:
- SEO ва SMM чист;
- Хусусиятҳои ҳузур дар шабакаҳои иҷтимоии машҳур чист?
- Чӣ гуна дар Facebook метавон бизнес-саҳифа эҷод кард;
- Чӣ гуна метавон нақшаи муҳтаворо (контент план) таҳия кард, аз куҷо хабарҳо дар бораи ширкатро дастрас кардан мумкин аст;
- Чӣ гуна дар шабакаҳо метавон муошират намуд;
- Чӣ гуна буҷетро ҳисоб метавон кард ва маъракаи рекламаро оғоз намуд.
Барои оғози курс зарур аст:
- Дар Facebook ва Instagram сабти ном шуда бошед;
- Тавонед паёмҳо (постҳо), аксҳо ва видеоро нашр кунед.
Сана: 13-19 сентябр, ҳамчунин дастгирии роҳнамоӣ (менторӣ) ва машваратҳои инфиродӣ то охири моҳи сентябр
Формат: онлайн, дарсҳои ҳаррӯза барои 2-3 соат дар вақти шом
Забони омӯзиш: русӣ.
Дархостҳо то соати 19:00 – и Нур-Султон (18:00 ба вақти Душанбе), рӯзи 23-юми август қабул карда мешаванд.
Барои иштирок дар тренинг, лутфан варақаи дархостро пур кунед.
Агар шумо ягон савол дошта бошед, ба почтаи электронии Central-Asia-Applications@internews.org нависед ва дар мавзӯъи мактуб нишон диҳед: “Савол оид ба SMM тренинг”.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.