Барои рӯзноманигорон, вебнависон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳои махсус, ки мехоҳанд журналистикаи додаҳоро хуб омӯзанд, тарзи ҷустуҷӯйи маълумоти муҳимро бидонанд, таҳлил кунанд ва аз рақамҳо қиссаҳои ҷолиб омода созанд, дарҳои Мактаби журналистикаи додаҳои Интернюс боз гардид.
Мактаби журналистикаи додаҳо аз 15-уми марти (Рӯзи тағйирот – 5 уми апрел) соли равон оғоз мешавад. Мактаб тариқи онлайнӣ то моҳи сентябри соли 2021 давом меёбад. Барномаи дарсҳои мактаб хеле ҷолиб буда, вақти шом (дар умум 120 соат дар тӯли се моҳ – апрел, май, август) баргузор мегарданд. Инчунин ҳафтае як маротиба (аз моҳи апрел то моҳи сентябр) кори инфиродӣ бо мураббиён доир мешавад.
Дарсҳои ҷолиби мактабро коршиносони минтақавии соҳаи журналистикаи додаҳо баргузор мекунанд: муассисони Мактаби додаҳои Қирғизистон – Анастасия Валеева, Алтинай Мамбетова ва Чолпон Узакбоева, мутахассиси додаҳои калони Internews дар ИМА – Эва Константарас. Дар ҷараёни кори инфиродӣ мураббиён ба иштирокчиён барои таҳияи лоиҳаҳои худ, ки ба додаҳои кушод асос меёбанд, кӯмак мерасонанд.
Муаллифони лоиҳаҳои беҳтарин аз рӯйи натиҷаи овоздиҳии ҳакамони мустақил, аз Интернюс барои татбиқи он дастгирии грантӣ меёбанд. Ҳамзамон дастгирии роҳнамоӣ ва таблиғи корҳои анҷомёфтаро ба даст меоранд.
Интихоби ширкаткунандагон дар асоси озмун сурат мегирад. Афзалият барои иштирок дар таҷрибаи рӯзноманигорӣ, қобилияти нашри осори худ дар расонаҳои мавҷудаи Тоҷикистон, инчунин вақти кофӣ барои ширкат дар ҳама чорабиниҳои мактаб ва тайёр кардани вазифаҳои хонагӣ мебошад.
Машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ баргузор мегарданд.
Дархостҳо то 3-юми марти соли 2021 қабул карда мешаванд (муддати қабули дархостҳо то ба охир расидани рӯзи 30 юми март тамдид карда шуд). Шакли онлайнии дархостро дар ин ҷо пур кунед.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.