Наргис Тоймастова, равоншиноси соҳибтаҷриба, роҳбари маркази психологии “Алифбои шахсият”, дар вебинарии махсус бо забони тоҷикӣ рӯзи 25 июн дар бораи тарзи рафъи стресс, ки дар ҷараёни иттилооти манфӣ ба вуҷуд меояд ва чӣ гуна эҳсосоти изтироб пайдо шуда, бо он чӣ бояд кард нақл мекунад.
Аз оғози пандемияи COVID-19, рӯзноманигорон дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, маҷбур шуданд, ки ҳамарӯза бо иттилооти зиёд дар бораи ин беморӣ кор кунанд. Онҳо пешгӯиҳои мутахассисонро пайгирӣ мекунанд, бо духтуроне, ки дар шӯъбаҳои бемориҳои сироятӣ кор мекунанд ё бемороне, ки ин маризиро аз сар гузаронидаанд, суҳбат мегиранд. Дар аксар маврид ин маълумот характери манфӣ дорад ва кори ҳамарӯза бо он ба ҳолати стресс оварда мерасонад. Дар рафти вебинарии махсус бо забони тоҷикӣ бо равоншинос Наргис Тоймастова дар бораи он, ки чӣ гуна аз стресс берун рафтан мумкин аст, сӯҳбат хоҳем кард.
– Мо дар бораи ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии стресс сӯҳбат мекунем. Ман схемаи механизми пайдоиши ҳолати стрессиро мегӯям ва нишон медиҳам. Инчунин дар бораи усулҳои муқовимат ба стресс ва тавсияҳои муфидро дар бораи мубориза бо стресс нақл хоҳам кард, – мегӯяд Наргис Тоймастова.
Вебинар 25 июн соати 16:00 бо вақти Душанбе дар майдони Zoom баргузор мешавад. Барои сабти ном, лутфан шакли онлайнро пур кунед ва ба почтаи электронии шумо пайванд барои ворид шудан ба вебинар фиристода мешавад.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.