Аз соли 2006 инҷониб, дар шаҳраки Шуроб воқеъ дар шимоли Тоҷикистон оби ошомиданӣ, кор ва дурнамо мавҷуд нест; замоне ин ҷо 15 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд, ҳоло на беш аз се ҳазор нафар мондаанд. Онҳое мондаанд, ки имкони рафтан надоранд. Гурӯҳи наворбардорони студияи Art-Vision дар ин шаҳрак як моҳ зиндагӣ карданд ва бо дастгирии Интернюс филми ҳуҷҷатӣ дар бораи ҳаёти рӯзмарраи «Шӯроб» сабт карданд. Нахустнамоиши филм дар Душанбе баргузор шуд ва боиси баҳси зиёде гардид.
Умуман, Шуроб танҳо соли 2005 ба шаҳрак табдил дода шуд, пеш аз ин, аз соли 1952 сар карда он мақоми шаҳрро дошт, ки бисёр шаҳри ободу шукуфо буд ва аксари сокинони Тоҷикистони Шӯравӣ орзу мекарданд, ки он ҷо зиндагӣ кунанд. То ба имрӯз, сокинон аз давраҳои хубе, ки дар гузашта доштанд, сӯҳбат мекунанд, аз замоне, ки об вуҷуд дошт, маош мӯътадил ва шаҳрак шаҳри воқеӣ буд.
– Шаҳр таҳти таъминоти вижаи Москав қарор дошт, одамон орзу мекарданд, ки ин ҷо зиндагӣ кунанд, зеро дар Шӯроб маош баланду дар мағозаҳо молҳои камёфтро пайдо кардан мумкин буд, зиндагӣ ҷӯшу хурӯш дошт. Ҳоло бошад, чизе аз он боқӣ намондааст, ҳ Шӯроб дигар ҳатто шаҳр ҳам нест, ҳамаи онҳое, ки имконият доштанд, рафтанд, одамоне монданд, ки ягон дурнаморо намебинанд, -мегӯяд коргардони филм Дилошуб Орифзода
Воқеан, набудани дурнамо сокинони маҳаллиро нисбат ба набудани оби ошомиданӣ камтар ташвиш медиҳад. Аз соли 2006 инҷониб, обро ба ин ҷо дар бочкаҳо бо мошинҳои боркаш меоранд, 100 литр об 5 сомонӣ ($ 0,5) нарх дорад ва одамоне, ки бе ин ҳам даромади кам доранд, маҷбуранд онро бихаранд. Дар Шӯроб беморхона бидуни об фаъолият мекунад, ки қаблан дар он сокинони деҳаҳои ҳамсоя табобат мегирифтанд ва якчанд мактаб ҳам фаъолият мекунанд.
«Шумо метавонед беморхонаро бе об тасаввур кунед? Мо бошем кор мекунем», – мегӯяд қаҳрамони филм – сардухтури беморхона; «кӯдакон лагери тобистона мехоҳанд, аммо мо онро ташкил карда наметавонем, зеро дар тобистон низ обро харидан наметавонем», – мегӯяд муаллими мактаби шаҳрак.
Сарфи назар аз он, ки Шураб мақоми шаҳрро 14 сол пеш аз даст дод, инфрасохтори шаҳр дар ин ҷо боқӣ мондааст ва мушкилоти иловагӣ ба вуҷуд меорад. Одамон дар биноҳои бисёрошёна зиндагӣ мекунанд, ки дар онҳо чизе ғайр аз қувваи барқ боқӣ намондааст ва онҳо маҷбур мешаванд, ки сатилҳои обро ба ошёнаҳо бардоранд. Онҳое, ки дар ҳавлиҳо зиндагонӣ мекунанд, аз сабаби набудани об, киштукор кардан наметавонанд. Худи, қувваи барқ дар шаҳрак чанд сол пеш пайдо шуд, қаблан ҳатто барқ ҳам набуд.
Рӯзноманигорони тоҷик борҳо дар бораи Шӯроб ва мушкилоти асосии он навиштаанд, аммо гуруҳи наворбардорони Дилошуб, ки аз шаш нафар иборат буданд, тасмим гирифтанд, ки зиндагии онҳоро рӯшод нишон диҳанд ва ин боис шуд, ки онҳо дар он ҷо тақрибан як моҳ зиндагӣ кунанд. Коргардон гуфт, ки дар аввал сокинон намехостанд дар бораи мушкилоти худ сӯҳбат кунанд, аммо баъд онҳо розӣ шуданд, ки дар филмбардорӣ ширкат кунанд, ба умеди он ки ин филм метавонад тағйироте дар зиндагии онҳо ворид кунад. Дар натиҷа, филми 33-дақиқаии “ШурОБ” гирифта шуд (оби шӯр), ки нахустнамоишаш 12 ноябр дар толори синамои «Зебуниссо» дар Душанбе баргузор шуд.
– Бачаҳо филми хуб эҷод кардаанд, ман ба ин кор ҳамроҳ шуда, дастгирии техникии филмро таъмин кардам. Идея ва татбиқи он ба муаллифон тааллуқ дорад, инҳо ҳамкорони шумо журналистон ҳастанд, ки худро дар шакли нав пайдо карда, ба сатҳи нав мебароянд – филмҳои мустанад таҳия мекунанд, – гуфт Акмал Ҳасанов, продюсери Art-Vision дар рузи намоиш.
Тамошонбинони нахустнамоиш ҳам ҳамкорони қадимии муаллифон – журналистон ва ҳам ҳамкасбони нави онҳо – филмсозон шуданд. Пас аз намоиш гурӯҳи наворбардоронро лозим омад, ки муддати тӯлонӣ ба саволҳои ҳарду гурӯҳ посух дода, тавсия ва маслиҳатҳо гиранд. Масалан, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов қайд кард, ки муаллифон дар оғози тасвир кони нофаъоли коркарди ангиштро нишон доданд, ки дар он аксарияти сокинони Шӯроб дар солҳои гузашта кор мекарданд, аммо мавзӯъи онро то ба охир нарасонданд, гарчанде ки метавонистанд барои сокинони шаҳрак роҳи аз ин вазъ берун омаданро нишон диҳанд: зеро ангишт ҳоло ҳам дар кон бисёр аст. Коргардони тоҷик Искандар Усмонов гуфт, ки анҷоми филм бояд боз ҳам фоҷеавитар мешуд. Сардабири «Вечерка» Гулнора Амиршоева иқрор шуд, ки шунидан нақлҳои сокинони шаҳрак дар бораи ҳаёташон кори осон набуд.
Умуман, саргузашти Шуроб таъсир расонд.
Муаллифон ҳоло чунин намоиши филмро дар Хуҷанд, воқеъ дар наздикии Шуроб ва фиристодани корашонро ба ҷашнвораҳои байналхалқӣ ба нақша гирифтаанд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.