Озмоишгоҳи контенти фарогир дар мавзуи рушди фаъолнокии иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон Inclusive Content Lab

Ташкилоти ҷамъиятии «Фидокор» дар якҷоягӣ бо Internews дар Тоҷикистон, дар чорчӯбаи барномаи MediaCAMP Осиёи Марказӣ ҷавонони лаёқатманду эҷодкорро ҷихати иштирок дар Озмоишгоҳи контенти фарогир дар мавзуи рушди фаъолнокии иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон – Inclusive Content Lab, ки аз 7 то 10 июл дар атрофи Душанбешаҳр барпо мегардад, таклиф менамоянд.

Inclusive Content Lab чист?

Фазоест, ки намояндагони расонаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешсафони ақидаву андешаҳо тарҳи чорабиниҳои расонаиеро таҳия мекунанд, ки масоили муҳити зистро барои ҷомеаи Тоҷикистон фаъол мегардонанд.

Дар натиҷаи кори бошиддати гурӯҳӣ ТО Inclusive Content Lab ва ДАР ВАҚТИ баргузории он интихоби дастаҳои беҳтарин, ки минбаъд дастгирии молиявиро ҷиҳати таҳия ва пешбурди лоиҳаҳои худ (бурсҳои хурд) ба даст меоранд, ба нақша гирифта шудааст.

Талабот нисбат ба иштирок

Дархостҳо аз ҷавонони то 30 сола аз тамоми манотиқи Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
Даста (команда) бояд аз намояндагони ВАО (рӯзноманигорон, блогерҳо) ва ТҶ (пешвоёни ақидаҳо, фаъолони шаҳрвандӣ ва ғайра) иборат бошад.

  • Дастаҳои номзадҳо дар дархостҳои худ иттилооти зеринро бояд дарҷ гардонанд:
  • Шарҳи муфассали ҳайати даста;
  • Тавсифи аудиторияи мақсаднок ва мушкилоти он;
  • Ақидаҳо бо нишондоди шакли ва усулҳои инъикоси он (интерактив; усулҳои гуногуни пешкаш (сомона + шабакаҳои иҷтимоӣ + мессенҷерҳои мобилӣ); бозӣ/қисматҳои геймификасия; технологияҳои муосири дигар, ки ба ақидаи шумо бартарӣ, имконияти ба таври васеъ паҳн кардану ҷалби аудиторияро мебахшанд).
  • Шарҳи навоварии лоиҳа;
  • Асоснокии таҷҳизоти техникӣ.

Дархостҳои қабулшударо комиссияи махсус дида мебарояд, ва дар асоси тавсияҳои ин комиссия ҳайати иштирокчиён тартиб дода мешавад.

Ташкилотчиён роҳкиро, будубош ва хӯроки иштирокчиёни дар натиҷаи озмун интихобшударо таъмин менамоянд.

Рӯзи охирини пешкаши дархостҳо – 27 июни соли 2019, то соати 17:00 вақти Душанбе.

Дархостҳоятонро ба суроғаи info@fidokor.tj ирсол намоед.

Ҷиҳати дарёфти маълумоти иловагӣ оид ба Inclusive Content Lab метавонед тавассути телефони 37 884 11 22 муроҷиат намоед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

One thought on “Озмоишгоҳи контенти фарогир дар мавзуи рушди фаъолнокии иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон Inclusive Content Lab

  1. Ман чунин идея дорам:Баҳори соли ҷорӣ боронҳои сахт дар чанд ноҳия харобӣ овард. Чанд одамро кушт. Аз ҷумла, дар Конибодому Ашту Панҷакенту Хуросону Панҷу Рудакӣ хонаҳои мардум ва заминҳои кишоварзиро вайрон кард. Ин аз сабаби он буд, ки ҳангоми тақсими қитъаҳои замин барои сохтмони хона обпартоҳо ба назар гирифта нашуданд. Дар баъзе ҷойҳои дигар одамон аз рӯи зарурату эҳтиёт дар маконҳое хона сохтаанд, ки тамоман зиндагӣ кардан мумкин нест.
    Ман пешниҳод мекунам, ки харитаи маконҳои зисти хавфнок сохта шавад ва сокинон аз саросари Тоҷикистон бо фиристодани аксу видеоҳо аз деҳаву ноҳияи худ вазъи хатарноки атрофи худро шарҳ диҳанд.
    Кадом минтақаҳо бояд дар навбати аввал ба ҷои амн кӯч дода шаванд, дар кадом минтақаҳо бояд заҳбуру обпартоҳо тоза карда шаванд, то ин ки дар оянда офатҳои табиӣ ба одамону муҳити атроф зиёни ҷиддӣ нарасонанд. Дар якҷоягӣ бо бачаҳои дигари иштирокчии тренинг ман мехоҳам ҳамин идеяро амалӣ намоям.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *